Маҷлиси васеи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир”

9 феврали соли равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон, дар асоси қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, маҷлиси васеи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир”-и Хадамоти муҳоҷират баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовини Раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Наботов Шукрулло, мутахассиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Бозорова Бону, раиси ташкилоти ибтидоӣ Нодирзода Иматшо ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир” иштирок намуданд.

Дар маҷлис ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир” шунида шуд. Инчунин, дар маҷлис тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шунида шуд.

Бояд иброз намуд, дар Паём Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар марҳалаҳои кунунӣ ва минбаъдаи рушди кишвар идома бахшидани ислоҳот ҷиҳати мукаммал гардонидани низоми идораи давлатӣ ва таъмин намудани самаранокии он зарур мебошад. Солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон гардида, дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ барои таҳия ва пешниҳоди як қатор Стратегия ва Консепсияҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд.

Дар фарҷом Наботов Шукрулло баромад намуда, ба аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ барои амалӣ намудани сиёсати комёбу комили Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будборӣ хоста ва ба раиси навинтихоб барору комёбӣ изҳор намуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо