Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самтҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунарҳои милливу муосир як зумра корҳоро ба анҷом расонид
.Барои такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳавӣ 18 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки аз ин 5 лоиҳа ба тасвиб расида, 4 лоиҳа дар баррасии ҲҶТ ва 9 лоиҳа дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор дорад.
Сатҳи зиндагии аҳолӣ. Тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ пайваста зери назорат қарор дорад. Ба ҳолати 1 июни соли 2021 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 1492,5 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд гардид.Музди миёнаи меҳнат дар ВМКБ 1371,4, вилояти Суғд 1351,9, вилояти Хатлон 1140,4, ш. Душанбе 2205,4 ва НТҶ 1225,8 сомониро ташкил дод.
Ба ҳолати 1 июн музди миёнаи меҳнат дар соҳаҳои фаъолияти ташкилотҳо ва намояндагиҳои хориҷӣ 10780,2 , хизматрасониҳо 3893,5, фаъолияти молиявӣ 3920,4, маориф 1215,5, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 1014,6, соҳаи санъат 1238,7 ва кишоварзӣ 630,1 сомониро ташкил намуд.
Мушоракати иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнат. Соли равон Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 ба имзо расида, Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва мавриди амал қарор дорад.
Дар ин давра 21 созишномаи соҳавӣ байни кумитаҳои ҷумҳуриявии (марказии) иттифоқи касаба ва вазорату идораҳо ва 4 созишномаи минтақавӣ байни мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён, намояндагони кормандон барои солҳои 2021-2023 дар вазорат ба қайд гирифта шуд.
Ба ҳолати 1 июн дар ҷумҳурӣ 31907 корхона, новобаста аз шакли моликияташон фаъол буда, аз 19070 адади онҳо, ки ҳуқуқи ба имзо расонидани шартномаи коллективиро доранд, 15376 адад бо шартнома ва созишнома фаро гирифта шудаанд, ки 80,6 фоизро ташкил медиҳад.
Назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тибқи нақшаи кор, дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва арзу шикоятҳо сурат гирифта, фаъолияти 1276 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор дода шуда, 5926 қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки 4560 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 1061 ҳолат ба бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 23 ҳолат ба муҳоҷират ва 282 ҳолат ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ иртибот дошт. 105 санҷиши ғайринақшавӣ низ оид ба экспертизаи давлатии шароити меҳнат гузаронида шуда, 1061 қонунвайронкунӣ ошкор шуд, барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба 378 корфармо ва дигар шахсони масъули корхонаю ташкилотҳо ҷаримаҳои маъмурӣ таъйин ва 54 млн. 524 ҳазору 880 сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва шаҳрвандон пардохт карда шуд.
Мусоидат ба шуғли аҳолӣ. Тайи давраи ҳисоботӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 72 071 нафар муроҷиат намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 фоиз зиёд мебошад.
Аз ин шумора 53 779 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, ба 30 791 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд ва ба 6556 нафар ба маблағи 3 млн. 56,8 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ барои давраи бекорӣ таъйин ва пардохт гардид. Тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 34 275 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки ин нишондиҳанда 51,9 фоизи нақшаи солонаи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2022”-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,9 фоиз зиёд мебошад.Аз шумораи умумии бо ҷойи кор таъминшудагон 3 456 нафар тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо), 1 853 нафар аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок ва 4 485 нафар тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 18,6 %, 12,0 ва 22,0 фоиз зиёд мебошад.
Илова бар ин, 3623 нафар аз ҳисоби хатмкардагони курсҳои касбомӯзии моҳи декабри соли 2020 ва моҳҳои январ-майи соли 2021, инчунин, 20 858 нафар тавассути роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз ҳисоби ҷойҳои кории холӣ (вакансия) бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар ин давра 476 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд, ки 6 943 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифтанд. Аз инҳо 1921 нафар зан ва 1991 нафар ҷавон мебошанд.Айни замон дар махзани мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 9 996 ҷойи кори холӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла, 2 119 (21,1%) ҷойи кор дар соҳаҳои тандурустӣ, 1045 (10,4%), маориф ва фарҳанг, 1971 ё (19,7%), саноат, 294 (3%), сохтмон, 663 (6,6%), кишоварзӣ, 551 (5,5%), манзилию коммуналӣ, 518 (5,1%), нақлиёт ва алоқа, 325 (3,2%), савдо ва хизмати маишӣ ва 2510 (25,1%) ҷойи кори холӣ дар дигар соҳаҳо мебошад.
Ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 1853 нафар шаҳрванди бекор ба маблағи 5 млн. 703,9 ҳазор сомонӣ кумак дода шуд. Аз ҷумла, барои пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ ба 813 нафар ба маблағи 2 млн. 732,1 ҳазор сомонӣ, барои фаъолияти тиҷоратӣ ба 574 нафар, 1 млн. 927,9 ҳазор сомонӣ ва барои пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба 466 нафар ба маблағи 1 млн. 43,8 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд.
Ҳамчунин, барои дастгирии ташаббусҳои соҳибкории занон ва ҷавонон ба 1060 нафар зан 3 млн. 262,6 ҳазор сомонӣ ва ба 695 нафар ҷавон 2 млн 144,6 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид.
Дар ин давра тибқи 134 шартномаи тарафайн бо корфармоён 3 397 нафар корҷӯй, ба корҳои ҷамъиятӣ фаро гирифта шуда, ин нишондод 57,4 фоизи пешгӯии солонаи барномаро ташкил медиҳад. 37044 нафар бошад ба курсҳои кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон – валидатсия ҷалб гардиданд.
Ҳамин тавр, дар нимсолаи якуми соли равон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, дар маҷмӯъ, ба 101 621 нафар хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода, иҷрои нақшаи солонаи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2022”, дар умум, 61,4 фоиз таъмин гардид.
Муҳоҷирати аҳолӣ. Дар ин давра муҳоҷирати меҳнатӣ асосан ба ду кишвар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҷараён намуд. Ҳамарӯза аз ҷониби корфармоёни Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо дархостҳо барои ҷалби муҳоҷирон ба вазорат ворид мешавад ва ба ҳолати имрӯза барои ҷалби 2627 нафар дархост ворид шудааст.
Ҷиҳати иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, муассисаҳо, масҷидҳои ҷомеъу панҷвақта ва ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ 2846 вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо 287277 нафар иштирок намуда, зиёда аз 15 ҳазор маводи иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Ба Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 7827 муроҷиату дархост ворид гардида, бо дахолати намояндагӣ 10,9 млн. рубли русӣ музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ баргардонида шуда, 30 қарори судҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон бо қарорҳои судҳои болоии Федератсияи Россия бекор карда шуд. Инчунин 2352 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия 164 вохӯриву суҳбат гузаронида шуд.
Дар ин давра ба 2897 нафар шаҳрванди хориҷӣ иҷозат барои амалӣ намудани фаъолияти корӣ дар кишвар дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 1663 нафар зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар ширкатҳое, ки барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ иҷозатнома доранд, таносуби бокортаъминкунии шаҳрвандони ватанӣ риоя шуда, 18 118 нафар шаҳрвандони кишвар дар ин ширкатҳо ба кор таъмин гардиданд.Барои вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 137 нафар шаҳрванди хориҷӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат 295 080 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 298 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 210 хоҷагиҳои муҳоҷирони экологӣ бояд ба мавзеъҳои нави зист кӯчонида шаванд. То имрӯз 190 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ва 131 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ дар мавзеъҳои нав бо қитъаи замин таъмин гардиданд, ки мутаносибан 63,7 фоиз ва 64 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Барои ин оилаҳо инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шуда, кашидани хати обу барқ, бунгоҳи тиббӣ, мактаб, роҳ ва дигар биноҳои маъмурӣ бунёд мегарданд.
Таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ.
Ислоҳоти ҷиддӣ дар низоми таълим ва таҳкими заминаҳои моддиву техники муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 яке аз масъалаҳои калидӣ маҳсуб мешуд.
Ҷиҳати дар зарфи ду сол бартараф намудани ин мушкилот, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, вакилони парламент, роҳбарони сохтору мақомоти марказӣ ва шаҳру ноҳияҳо сарпарастон муайян гардиданд.Ба ҳолати имрӯза аксарияти сарпарастон бо роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ барои бартараф кардани камбудиҳо нақша таҳия намуда, иҷрои онро шурӯъ намуданд.
Дар соли таҳсили 2020-2021 дар литсейҳои касбии техникӣ 22491 хонанда, аз ҷумла 4 354 нафар духтар ба таҳсил фаро нирифта шуд, ки 19 809 нафар (88%) дар гурӯҳҳои буҷетӣ ва 2 682 нафар (12%) ба таври шартномавӣ таҳсил намудаанд. Инчунин 176 нафар (62 духтар) хонандаи маъюб, 84 хонандаи ятими кулл ва 1104 нафар (374 духтар) нимятим мебошанд, ки ҳифзи иҷтимоии онҳо таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти вазорат қарор дорад.
Дар доираи амали «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи фанҳои алгебра, физика, химия, биология, таърихи халқи тоҷик, забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар се давр баргузор карда шуд.
Дар ин давра 8 номгӯйи стандарти таълимӣ, 9 номгӯи барномаи таълимӣ, 8 номгӯи нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 90 номгӯи нақшаи таълимӣ барои курсҳои кӯтоҳмуддати касбу ҳунарҳои мардумӣ таҳия, тасдиқ ва ба муассисаҳо дастрас карда шуд.
Ҷиҳати таъмини хонандагон бо китобҳои дарсии тахассусӣ 9 номгӯи китобҳои ихтисосӣ бо теъдоди 1500 нусха нашру бознашр шуда, 9 ҳазору 152 адад китобҳои дарсии умумитаълимӣ ва тахассусӣ харидорӣ шуданд.
Илова бар ин, тибқи шартнома бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид 32 номгӯи китобҳои дарсии фанҳои тахассусӣ ба миқдори 8 ҳазору 566 адад нашр карда шуд.
Курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро, ки аз рӯи 87 ихтисос амал мекунанд, 4212 нафар аз рӯи 37 касб хатм намуданд, ки 995 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Инчунин дар 47 маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир, 1165 нафар ва дар муассисаҳои таълимии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 7042 нафар ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва муосир фаро гирифта шуданд.Ҷиҳати тақвияти заминаҳои моддию техникӣ ва бозомӯзии омӯзгорону устоҳои таълими истеҳсолӣ, лоиҳаи Бонки Осиёии Рушд бо номи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” ва лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо бо номи “Кӯмаки техникӣ ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълим” амалӣ шуда истодааст.
Дар ин давра, дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», озмуни “Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалниорӣ”, намоиши эҷодиёти халқ ва ҳунарҳои мардумии шаҳри Душанбе таҳти унвони “Душанбе – шаҳри ҳунармандон” ташкил ва баргузор карда шуд.
Робитаҳои байналмилалӣ. Барои рушди ҳамкориҳои байналмилалии соҳавӣ бо Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат (ТБМ), Созмони Байналмилалӣ оид ба Муҳоҷират (СБМ), Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ), Бонки Осиёии Рушд, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JIKA), Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (ICMPD), Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва дигар ташкилотҳои минтақавию байналхалқӣ ҳамкорӣ сурат гирифта, дар доираи ин ҳамкориҳо 7 лоиҳаи грантию инвеститсионӣ татбиқ мешаванд.
Корҳои илмӣ-соҳавӣ. Дар ин давра, аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба таъсири пандемия COVID-19 ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ШНТҶ таҳқиқот гузаронида шуд.
Дар робита ба татбиқи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 июн дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони СММ ва Иттиҳоди Аврупо Конференсияи байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Тағйироти соҳаҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар ҷомеаи рақамӣ» баргузор карда шуд.Корҳои ташкилию иттилоотонӣ. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани биноҳои маъмурии вазорат дар ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Дӯстӣ ва шаҳри Панҷакент ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидан дар онҳо бо маром идома доранд.
Дар нимсолаи якуми соли 2021 зиёда аз 200 мавод доир ба самтҳои фаъолияти вазорат тариқи васоити ахбори омма нашр ва пахш шуда, сомонаи расмии вазорат – «www.mehnat.tj» дар шакли нав таҳия ва роҳандозӣ шуд.Нашрияи соҳавии «Шуғл ва муҳоҷират» бо теъдоди умумии 12950 нусха ба табъ расида, беш аз 300 мақолаву гузориш ва 150 хабар интишор додааст.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон