Маросими баимзорасонии ёддошти тафоҳум

13 сентябри соли 2021 вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ бо директори генералии МД “Маркази бисёрсамтаи муҳоҷират” дар шаҳри Москва, муҳтарам Балдин Сергей Александрович баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳудуди шаҳри Москва, рушди ҳамкориҳои минбаъда ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққаттӣ дар шаҳри Москва мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Москва “Маркази бисёрсамтаи муҳоҷират” баргузор гардид.

Бояд қайд кард, ки Ёддошти тафоҳуми мазкур дар натиҷаи сафари кории қаблан анҷомдодаи директори генералии МД “Маркази бисёрсамтаи муҳоҷират” дар шаҳри Москва, муҳтарам Балдин Сергей Александрович ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

​Муқаррароти асосии Ёддошти тафоҳум рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар асоси созишномаҳои мавҷуда, аз ҷумла татбиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия мебошад.

​Дар доираи ин Ёддошти тафоҳум тарафҳо дар самти машваратдиҳии муҳоҷирони меҳнатӣ оиди бокортаъминшавӣ, тартиби гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бокортаъминшавӣ, воридшавӣ ва назорати будубоши муҳоҷирон дар шаҳри Москва ҳамкорӣ менамоянд. Инчунин, бо розигии тарафҳо дар доираи Ёддошти тафоҳум имконияти дар оянда таъсис додани намояндагии “Маркази бисёрсамтаи муҳоҷират”-и шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе дар назар аст.

​Таъсиси намояндагии мазкур барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар самти муҳоҷират, машваратдиҳӣ ба корфармоён, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қонунгузории Федератсияи Россия, бокортаъминкунии шаҳрвандон дар ҳудуди шаҳри Москва ва соддагардонии раванди бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатии дар шаҳри Москва қарордошта, мусоидат менамояд.

​Ёддошти тафоҳум аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ ва директори генералии МД “Маркази бисёрсамтаи муҳоҷират” дар шаҳри Москва, муҳтарам Балдин Сергей Александрович ба имзо расид.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо