Машғулияти идоравӣ дар Хадамоти муҳоҷират

7 феврал бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти идоравӣ дар мавзӯи “Услубҳои таҳияи ҳисобот
ва гузориш дар мақомоти давлатӣ” баргузор гардид.

Зимни омӯзиши идоравӣ аз ҷониби масъулини Академияи идоракунии давлатӣ гуфта шуд, ки хизматчиёни давлатӣ бо назардошти фаъолияти касбии худ пайваста ҳуҷҷатҳои гуногун таҳия менамоянд. Новобаста аз шакли ҳуҷҷат (лоиҳаи қонун, фармон, амр, қарор, ҳисобот, гузориш, протокол) ҳуҷҷати таҳиянамудаи хизматчии давлатӣ бояд мақсаднок, босифат, самаранок, фаҳмо, воқеӣ ва иҷрошаванда бошад.

Агар санад бе риояи меъёрҳои муқарраргардида таҳия карда шавад, мақсаду вазифаҳо, камбудиҳои дар он баёншуда амалӣ ва ислоҳ намешаванд.

Гуфта шуд, ки тартиби таҳияи ҳисобот ва гузориш, ки силсилаи тавсияҳоро дар бар гирифта, дар низоми хизмати давлатӣ барои осон кардани фаъолият омода карда шудааст, кормандони дастгоҳи Хадамот шинос шуданд. Он ягона ва ҳатмӣ набуда, хизматчиёни давлатӣ метавонанд дар доираи қонунгузорӣ зимни таҳияи чунин ҳуҷҷатҳо услуби навишти худро истифода намоянд. Вале дар ҳар сурат, ба назар гирифтани чунин принсип ва омилҳои тартиби таҳияи ҳисобот ва гузориш то як андоза аз манфиат холӣ нест.

Дар фарҷом ба саволҳои сершумори иштирокчиён аз ҷониби масъулини Академияи идоракунии давлатӣ хизматчиёни давлатӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо