10 октябр дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират машғулияти идоравӣ дар мавзӯи “Асос, тартиби оғоз ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар назди ҳозирин оид ба ин мавзӯъ, номзади илми ҳуқуқ, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Комолзода Шуҳрат баромад намуда, қайд карданд, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқӣ ва гунаҳкоронаи шахси воқеӣ, мансабдор ё ҳуқуқӣ мебошад, ки содир намудани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур боиси ҷавобгарии маъмурӣ мегардад. Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир карда мешавад.
Беамалӣ дар он сурат ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дониста мешавад, ки дар қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории шахс дар хусуси бо амалҳои худ бартараф кардани фарорасии ин ё он оқибатҳо пешбинӣ шуда бошад.
Инчунин, шахс барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шарте гунаҳкор дониста намешавад, ки кирдори (амал ё беамалии) зиддиҳуқуқии вай гумроҳона содир шуда бошад ва ӯ сар задани ин гумроҳиро пешбинӣ карда натавониста бошад.
Шахси ҳуқуқӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шарте ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад, ки барои риояи меъёру қоидаҳое, ки тибқи Кодекси мазкур барояшон ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст, имконият доштанаш муқаррар шуда бошад, вале ӯ барои риояи онҳо на ҳамаи чораҳоро андешидааст.
Ба шахси ҳуқуқӣ таъйин кардани ҷазои маъмурӣ шахси воқеии гунаҳгорро ба сабаби ҳуқуқвайронкунии мазкур аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намекунад ва ҳамзамон ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ кашида шудани шахси воқеӣ шахси ҳуқуқиро аз ҷавобгарии маъмурӣ ба сабаби ин ҳуқуқвайронкунӣ озод намекунад, – афзуд Камолзода Ш.
Дар фарҷом баромадкунанда ба саволҳои сершумори иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират