Мизи мудаввар оид ба такмили равандҳои муҳоҷират баргузор гардид

17 декабри соли 2021 бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират (ICMPD) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Китобхонаи миллӣ дар мавзӯи «Такмили равандҳои муҳоҷират дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мизи мудаввар баргузор гардид.

Инчунин, ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон, ки ҳамасола 18 декабр таҷлил мешавад, ҷиҳати бокортаъминкунии шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ баргузор карда шуда, дар он намояндагони беш аз 50 ширкати ватаниву хориҷӣ, ки пайваста ба шаҳрвандони тоҷик дар таъмини шуғл ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар кишварҳои хориҷӣ кумак мекунанд, ширкат доштанд.

Ҳамзамон ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд дар бораи шуғл ва умуман муҳоҷират маълумот гиранд, ба намоишгоҳ даъват карда шуданд, то пеш аз сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ тасмими оқилона қабул кунанд. Дар намоиш зиёда аз 200 нафар одамони синну соли гуногун иштирок доштанд.

Дар мизи мудаввар намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ бо лоиҳаҳо вобаста ба муҳоҷират аз Тоҷикистон ширкат варзиданд. Шарикон рушд нақши равандҳои муҳоҷиратро дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устуворро муҳим арзёбӣ намуданд. Дар рафти баррасиҳо ҳамчунин таъкид шуд, ки ин гуна ҳамкорӣ механизми идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии куллии лоиҳаҳоро аз ҷониби Вазорат таҳким бахшида ба тақсими мақсадноки захираҳо ва кумаки донорҳо мусоидат мекунад.

Дар мизи мудаввар намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ оид ба ислоҳот ва рушди минбаъдаи соҳаи меҳнат, муҳоҷирати берунӣ, дохилӣ ва экологӣ як қатор тавсияҳо пешниҳод намуданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо