Мизи мудаввар “Рушди ҳамкории ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Россия ва Тоҷикистон дар соҳаи омодагии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ, дастгирии иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии онҳо”

27 июли соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди ҳамкории ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии Россия ва Тоҷикистон дар соҳаи омодагии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ, дастгирии иттилоотӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии онҳо” баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар намояндагони ташкилотҳои тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фонди хайриявии (БФ) «ПСП-фонд» -и Санкт-Петербург ва ташкилоти ҷамъиятии «Марказ барои ҳуқуқи инсон» ширкат варзиданд.

Тибқи иттилои созмондиҳандагон, чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Маркази захиравии кӯмак ба мутобиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон дар Федератсияи Россия барои созмонҳои Иттиҳоди Иқтисодӣ АвруОсиё ва кишварҳои ИДМ, ки бо дастгирии Фонди грантҳои Президенти Федератсияи Россия амалӣ карда мешавад.

Дар назди иштирокчиён директори Фонди хайрияи “ПСП-фонд” -и шаҳри Санкт-Петербург Борис Панич, ҳамоҳангсози “Маркази захиравии муҳоҷирон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибҷон Шарипов, мутахассиси ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон” Манижа Даронзода ва ҳамоҳангсози фонди хайрияи “ПСП-фонд” Андрей Якимов баромад намуданд.Дар мизи мудаввар мавзӯъҳои зерин шунида шуданд: фаъолияти Маркази захиравӣ барои мусоидат ба мутобиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон дар Федератсияи Россия барои ташкилотҳои АвруОсиё ва ИДМ, Маркази захиравии муҳоҷирон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба иттилоотонии муҳоҷирони меҳнатӣ, тамоюлҳои ҷории равандҳои муҳоҷират ва танзими онҳо дар Россия, механизмҳои иттилоотӣ ва дастгирии ҳуқуқии муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо. Инчунин системаи омодагии пеш аз сафар барои муҳоҷирон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои имконпазири рушди он.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо