• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мо хурофотпараст нестем

admin by admin
19.10.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
310
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз ҷомеа бештар аз пештар сари андеша бар умқи маънии миллат ва ҳувияти миллӣ задаасту заминаҳои пурвусъате дар ташаккулу такомули фарҳангӣ ва асолати миллӣ рӯи кор меояд.

Дар радифи фарзандони барӯманд ва номвари тоҷик чун намояндаи маъруфи илму дин, фарзанди фозилу донои тоҷик Имом Абӯҳанифа (р) дар рушду такомули ҳувияти миллии тоҷикон нақши босазое гузоштааст. Дар чеҳраи ин олими беназир фарҳанги исломӣ ба фарҳанги миллӣ омезиш ёфта, як мактаби бузурге рӯи кор омадааст, ки он мазҳаби Имом Аъзам – ҳанафия унвон гирифтааст. Ба пешрафту тараққиёти замона мутобиқ ва ҳамоҳанг сохтани шуури аъзои ҷомеа, истифодаи огоҳона ва дурусти арзишҳои милливу динӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи мардум, аз олоишҳои ифротгароӣ, таассубиву хурофотӣ пок сохтани онҳо ва доғдор нагардонидани дини мубини ислом талаботи рӯз аст.

Сарзамини бостонии тоҷикон, ки дорои тамаддуни чандинҳазорсола мебошад, бузургмардони зиёдро ба дунё овардааст. Мероси таърихии фарзандони барӯманди миллатамон имрӯз низ барои худшиносии миллӣ, муаррифӣ намудани тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дар гуфтугӯи тамаддунҳо аҳамияти байналмилалӣ дорад.

Қобили зикри махсус аст, ки тоҷикон дар давоми асрҳои зиёд пайваста дар таҳаввулу инкишофи тамаддун ва фарҳанги исломӣ саҳми бузург гузоштаанд. Шинохти комили таърихи ислом бе омӯзиш ва баҳои муносиб додан ба нақши махсуси тоҷикон аз имкон берун аст. Аз ин ҷиҳат, исломро аз фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост.

Мо ифтихори хоса дорем, ки бунёдгузори бузургтарин ва бонуфузтарин мазҳаб дар дини мубини ислом фарзанди арҷманди халқи тоҷик Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит маъруф ба Имоми Аъзам (р) мебошад. Бояд гуфт, ки ба шарофати талошҳои фидокоронаи ин фақеҳ ва мутафаккири бузург ҳувияти аҷамӣ ҳифз ва арзишҳои миллӣ инкишоф ёфтаанд.

Маҳз бо кӯшишҳои Имоми Аъзам ба забони тоҷикӣ ҳамчун забони ибодати динӣ нақш ва аҳамияти махсус дода шуд. Мазҳаби Абӯҳанифа ҳам таърихан ва ҳам амалан омили муҳими ваҳдати умумиинсонӣ, ҳифзи субот ва амнияти низоми ҷамъиятӣ аст. Ба ақидаи ӯ ягонагии мақсад, ягонагии гуфтор ва ягонагии кирдори аҳли ҷомеа шарти бақо ва ҳастии ҳар як миллат мебошад.

Барои мо – тоҷикон шинохти чунин шахсияти камназир дар раванди ташаккули худшиносии миллӣ ва инкишофи андешаи миллӣ аҳамияти бузурги ҳаётӣ ва байналмилалӣ дорад. Мазҳаби Имоми Аъзам дар воқеъ ҳам чароғи тобону дурахшон ва роҳнамо дар саросари ҷаҳон мебошад. Абӯҳанифа ситораи рахшонест барои раҳгумзадагон ва дарёи илмест, ки мақбули ҳамаи дилҳост.

Вақтҳои охир дар мамлакат гурӯҳҳое зуҳур кардаанд, ки аз доираи низоми муқаррароту эътиқоди мазҳабии мардуми Тоҷикистон берун баромада, ғояҳои бегона ва барои шуури динии аҳолии мамлакат, аз ҷумла ҷавонон хатарнокро таҳмил карда истодаанд.

Ҷонибдорон ва таҳмилкунандагони чунин ақоиди бегона набояд фаромӯш созанд, ки дини ислом ҳеҷ гоҳ ҷонибдори хушунату зӯроварӣ набуд, баръакс ҳамеша инсониятро ба сулҳу субот, адлу инсоф, ваҳдату муттаҳидӣ, сабру таҳаммул, дӯстиву рафоқат, меҳнати ҳалол ва муросову мадоро, яъне барои эҷоди муҳити ҷомеаи солим даъват менамояд.

Солҳои охир аз ҷониби доираҳои муайян ба хотири паст задани нуфузи дини ислом, амалӣ кардани мақсадҳои нопок ва тафриқаву низоъ ангехтан байни сокинони халқу миллатҳои гуногун ғояи бархӯрди тамаддунҳо ва динҳо тарҳрезӣ шудааст ва доираҳои мазкур мунтазам истилоҳи “терроризми исломӣ”-ро талқин месозанд. Таъкид бояд кард, ки ба ислом нисбат додани терроризм ақидаи ғалат ва ғаразнок аст. Баръакс, дини мубини ислом дар таҳкими низоми ҷомеа, суботу амният, ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавӣ ва ахлоқии натанҳо мусулмонон, балки аҳли башарият метавонад нақши судманду муассир гузорад.

Ислом инчунин дар такя ба арзишҳои аслии худ, қудрати инсонӣ, ҳуқуқи башар, адолати иҷтимоӣ, озодии фикр ва даъват ба сулҳ, дурӣ ҷустан аз хушунат ва таҳаммулгароӣ метавонад ба пешрафти илм ва рушди ҷомеа мусоидат намояд.

Илму дониш омӯхтан, ба касбу кор ва меҳнати ҳалол машғул шудан дар аҳкоми шариат ва усули таълимоти исломӣ аз фаризаҳои аслӣ ба ҳисоб рафта, бо ибодат кардан баробар мебошад. Зеро меҳнати ҳалолу холисона дар роҳи Худо ибодати маҳз аст, ки ҷавҳари ахлоқии онро парҳезгорӣ ва ихлос ба арзишҳои динӣ ташкил медиҳад.

Худшиносӣ, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон ва дастоварҳои умумибашарӣ ҳидоят мекунад ва онҳоро чун ҳомиёни воқеӣ ва номбардори миллати хеш ба камол мерасонад.

Бинобар ин, ба тамоми халқи Тоҷикистон, ҳар фарди худогоҳ ва бонангу номуси миллат зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣ кунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош намоянд.

Фарзандони бонангу номуси халқи Тоҷикистон бо дарки масъулияти ватандорӣ ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва ободонии Ватани азизамонро минбаъд низ қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии худ мешуморанд ва садоқати хешро ба Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол бо кору пайкори амалии ҳаррӯзаашон собит месозанд.

Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии судманд бо сокинони ноҳияи Рӯдакӣ

Next Post

Суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинони кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур

Next Post

Суҳбату вохӯриҳои судманд бо сокинони кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.