Қобили қайд аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамот ин қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин росто, шаҳрвандон бо се восита муроҷиат менамоянд, яъне шифоҳӣ, хаттӣ ва телефонӣ. Аз натиҷаи ҷамъбасти маълумотҳои воридгардида бармеояд, ки ба ҳолати 9 моҳи соли 2021 ба дастгоҳи Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 33 004 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 31 799 нафар шифоҳӣ,55 нафар хаттӣ ва 1148 нафари онҳо бо телефони боварӣ муроҷиат намуданд.
Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия 9366 нафар, ки дар рӯйхати манъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мавҷуд буданд, онҳо аз сафари бебарор баргардонида шуданд. Дар ин давра 612 нафар дорои касб гардида, 477 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.
Ҳамзамон, ширкатҳое, ки иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ доранд, дар баробари ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ бояд таносуби бокортаъминкунии шаҳрвандони ватаниро риоя намоянд ва ба ҳолати имрӯза 33 145 нафар дар ин ширкатҳо бо кор таъмин шуда фаъолият менамоянд. Дар маҷмӯъ, дар давраи ҳисоботӣ 33 622 нафар бо ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар таъмин гардиданд.
Бо мақсади бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа, 27субъекти хоҷагидор дорои иҷозатномаи Хадамот буда, барои интиқол додани қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғул мебошанд.
Ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидор, ки дорои иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷират мебошанд ва ба интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар машғуланд, санаи 26 ва 28 январи соли 2021 дар толори Хадамоти муҳоҷират семинари машваратӣ баргузор намуд, ки дар он ҳамаи роҳбарон ва намояндагони субъектҳо иштирок намуданд. Ҳамзамон, 25 июни соли равон семинар-тренинг дар мавзӯъи «Муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа тавассути субъектҳои интиқолдиҳандаи қувваи корӣ» дар сатҳи вазорат бо намояндагони субъектҳои мазкур баргузор гардид. Дар семинар-тренинг Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ- Шаҳноза Нодирӣ, координатори МЗМ дар ш. Душанбе ва намояндаи ICMPD дар Тоҷикистон иштирок карда, суханронӣ намуданд. Оид ба рафти семинарҳо протоколҳо тартиб дода шуда ба унвонии вазорат ирсол гардиданд.
Бо мақсади ҷоннок намудани корҳои иттилотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаи онҳо дар дастгоҳи марказии Хадамот ва раёсату шуъбаҳою бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ситод таъсис дода шудааст.Мақсади асосии таъсиси ситод ин, бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар масъалаи барасмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад. Бинобар ин масъулоне, ки ба ҳайси аъзои ситоди Хадамот интихоб гардиданд, муваззаф шуданд, ки барои ташкили мулоқот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мавзеҳои ҷамъшавии теъдоди бештари шаҳрвандон, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъи панҷвақта, ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, бозорҳо, фурудгоҳҳо дар ҳамбастагӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахшҳои кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар самаранок истифода баранд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли 2021 аз ҷониби кормандони масъули Раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо инчунин, Марказҳои машваратӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар Хуҷанд ва Хоруғ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор бо аҳолӣ 2 509 вохурӣ ва суҳбатҳо бо ҷалби 207 735 нафар гузаронида шуд. Мақсад аз гузаронидани чунин вохуриҳо ин пеш аз ҳама фаҳмонидани муқаррароти қонунҳои Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират, гирифтани сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои давлати Федератсияи Россия, тартиби аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва гирифтани Патент барои кор, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятӣ, эпидемиологӣ, пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва ғайра мебошад.
Вобаста ба ин, дар ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) рӯзҳои 1-2 апрел бо сардорон ва кормандони масъули шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ дар толори Хадамот,8-9 апрели соли равон бо кормандони масъули раёсат ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва 22 то 25 апрели соли равон бо кормандони масъули раёсат ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба пурзӯр намудани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ машварат-тренинг баргузор намуд. Ба ин хотир, дар рафти машварат ба ҳамаи сардорони шуъбаҳо ва бахшҳои дар болозикршудасупориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳои дахлдор доир ба масъалаҳои мубрами рӯз дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дар маҳаллҳо мунтазам вохӯриҳою сӯҳбатҳо баргузор намоянд. Чунин тренингҳо дар оянда низ ба нақша гирифта шудаанд.
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ва банди 44 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 апрели соли 2007 №172 «Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва қарорҳои ҳайати комисияи иҷозатномадиҳии Хадамоти муҳоҷират дар давраи ҳисоботӣ ба 334 субъектҳои хоҷагидор “Иҷозатнома” барои интиқол додани қувваи корӣ ба хориҷа ва ҷалби мутахассисон аз хориҷи кишвар дода шуд.