Давоми ҳафтаи сипаришуда бахши Хадомоти муҳоҷират дар ноҳияи Тоҷикобод баҳри ба иҷро расонидани нақшаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023» корҳои зеринро ба анҷом расонид.
Тибқи қарори мазкур давоми солҳои 2021-2023 бояд 6 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ба минтақаҳои бехавф бояд кӯчонида шаванд.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, пардохти қарзи имтиёзнок ва кӯмаки яквақтаинаи моддӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират низ амалӣ карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки бо пешниҳоди бахши Хадамоти муҳоҷират ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз ҷониби давлати Шветсария ба ин хоҷагиҳо хонаҳои истиқоматӣ дар минтақаҳои бехавф сохта тақдим карда шуд.
Айни замон Комиссияи маҳаллӣ дар пайи ба хонаҳои нав кӯчонидани муҳоҷирон вазифадор гардида, давоми ҳафтаи оянда ҷобаҷокунии онҳо амалӣ карда мешаванд.
Бахши Хадомоти муҳоҷират дар ноҳияи Тоҷикобод