Муҳоҷирони экологӣ соҳиби замин шуданд

Ба 15 оилаи иқоматкунандагони ноҳияҳои Кӯшониён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки дар ҷойҳои хавфнок зиндагӣ мекарданд, дар мавзеъҳои бехавф заминҳои назди ҳавлигӣ ҷудо карда шуд.

Бино ба гуфти сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Қирғизбек Зокирзода тибқи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №648 аз 28 ноябри соли 2020 “Дар бораи нақшаи миёнамуҳлати муташкилона кӯчондани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2021-2023” ба 9 оилаи деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Бохтариён, ки дар соҳили дарёи Вахш зиндагӣ мекунанд замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.

Ҳамзамон, раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ҳамарӯза баҳри сари вақт кӯчондани хонаводаҳое, ки дар мавзеъҳои зери хавф қарор доранд бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамкории судманд намуда истодааст.

Бояд гуфт, ки деҳаи Дӯстии ҷамоати Бохтариёни ноҳияи Қӯшониён дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир буда, таи чанд сол аст, ки дар натиҷаи серобии дарё қисмати зиёди ин деҳаро оби сел шуста бурд. Мувофиқи имкониятҳои ноҳия қисме аз сокинони ин деҳаро дар қисмати бехавфи ҳамин деҳа бо замин таъмин карданд. Акнун қисмати дигарро дар деҳаи Тоҷикободи ҷамоати деҳоти Навбаҳор ҷой хоҳанд кард.

Инчунин, дар ноҳияи Шаҳритус низ тибқи қарори раиси ноҳия барои 6 оила, ки дар мавзеъи хавфнок зиндагӣ мекарданд аз заминҳои ҷамоати деҳоти Ҷ.Назаров ва деҳаи Айвоҷ замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.

Мувофиқи нақшаи пешбинишуда дар соли 2021 дар вилояти Хатлон бояд 86 хонаводае, ки дар мавзеъҳои зери хавф қарор доранд, ба мавзеъҳои бехавф кӯчонида шаванд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо