Муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Актау кору фаъолият хоҳанд кард

8 августи соли равон, гурӯҳи навбатӣ аз 10 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ ба шаҳри Актау Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода шуд.

Тавре аз МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе итиллоъ доданд, Марказ дар ҳамкорӣ бо ширкати сохтмонии “Сaspianwaу” 10 нафар шаҳрвандони кишварро дар сохтмонҳои шаҳри Актау бо кор таъмин хоҳанд кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳуриро намояндагони Маркази машваратӣ ва дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират гусел намуданд. Бояд тазаккур дод, ки тамоми хароҷот вобаста ба чиптаи ҳавопаймоӣ, ба расмият дарории ҳуҷҷатҳо, ҷойи зист ва хӯрок аз ҷониби ширкат пардохт карда мешавад. Маош ҳар моҳа аз рӯи корҳои баанҷомрасонида пардохт карда мешавад.

Тибқи анъана, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Актау Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳрвандони ҷумҳуриро намояндаи ширкати “Сaspianwaу” пешвоз гирифта, бо нақлиёти мусофирбар таъмин намуда, ба ҷойи лозима бурда мерасонад.

Хоҳишмандон барои кор дар ширкати номбурда метавонанд ба МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121, Хадамоти муҳоҷират.

Рақамҳо барои тамос: 2250221.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо