Муаррифии сомонаиҳои агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

18 сентябри соли 2021 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии се сомонаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ (www.kor.tj, www.shugl.tj, www.kasb.tj) баргузор гардид.

Сомонаҳои мазкур дар заминаи ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таъмини бехатарии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 30 декбри соли 2019, №642 «Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шудаанд.

Бояд қайд кард, ки тавассути сомонаи www.kor.tj «Махзани миллии маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ» дастрасии маълумот ба шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта таъмин шуда, барои интихоби мутахассисони сатҳи зарурӣ ба корфармоён шароит фароҳам мегардад.

Дар ин сомона, мунтазам маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва хориҷ бо нишон додани музди меҳнат ва дигар шароити корӣ ҷойгир карда мешаванд, ки шаҳрвандон метавонанд барои дарёфти кори муносиб аз он ба таври ройгон истифода намоянд.Тавассути сомонаи www.shugl.tj бошад шаҳрвандон метавонанд мустақилона маълумотро оид ба хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ, тозатарин навигариҳоро дар бораи ҳифзи меҳнат, вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, пурсишномаҳои сотсиологӣ, тадқиқотҳо ва дигар маводи заруриро дастрас намоянд.

Дар сомонаи www.kasb.tj бақайдгирии касбомӯзон пурра ба таври электронӣ роҳандозӣ гардида, шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани маълумоти саривақтӣ оид ба номгӯи касбу ихтисосҳо, ҷойгиршавии марказу филиалҳои муассисаҳои таълимии системаи агентӣ ва тартиби фарогирӣ ба курсҳои омӯзиши аз он фаровон истифода намоянд.

Ҳамзамон бо ин, дар портали мазкур «Махзани ягонаи маълумот доир ба шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ – касбии системаи агентӣ ва филиалҳои он ба касбомӯзӣ ва бозомӯзӣ ҷалб гардидаанд» ташкил шуда, ба ин васила, имконияти гирифтани омори зарурӣ аз рӯи полоишҳои (фильтр) гуногун рӯйи даст меояд.

Бо фаъол гардадани сомонаҳои мазкур инъикос, тарғибу ташвиқ ва ҳаллу фасл намудани масоили гуногуни сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзафзун гашта, ҳамкориҳои мутақобилан судманди муттасил ва густурда миёни корфармоён, мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, корҷӯён ва ҳамзамон иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути мубодилаи иттилоот ба роҳ монда мешавад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо