• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм

admin by admin
16.05.2023
in Хабархо, Хабарҳо
0
316
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Терроризм аз оғози асри нав  аниқтараш аз 11 – сентябри соли 2001 муборизаи фаъол ва кушодаи худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода таҳдиди навро барои тамоми ҷаҳон ва дар алоҳидагӣ барои ҳар як давлати мустақил эълон дошт. Маҳз аз ҳамин давра ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуд, ки бо ин зуҳуроти номатлуб дар танҳои мубориза бурдан судбахш набуда, баръакс   барои пешгирӣ, бартараф ва решакан намудани  ин вабои аср муборизаҳои қатъии дастаҷамъонаи худро бояд оғоз намуд. Дар ҳақиқатан ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои мубориза бурдан бо ин зуҳуроти аср омодабошии хаматарафаи худро пешниҳод намуда буд.

Имрӯз роҳбарияти Тоҷикистон ин сиёсати худро минбаъд низ идома хоҳад дод,  то ки Афғонистон дигар на пойгоҳи терроризми байналмилалӣ,  на маркази қочоқи маводи мухаддир,  балки як кишвари ором ва ҳамсояи осуда бошад.  Ҳамчунин,  бо мақсади ҳукмфармо гаштани сулҳу амнияти пойдор дар Афғонистон мо бояд ба ин кишвар кўмаку дастгирии худро дареғ надорем.

Зиёда аз 20 – сол мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо экстремизм ва терроризм муборизаи фаъол ва кушодаро бурда истодааст. Дар ин давра бо вуҷуди муборизаҳои қатъӣ ва истифодаи қувва, терроризм ва экстремизм натанҳо несту нобуд карда нашуд балки он торафт мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ зиёд намуда, ҳудудҳои навро зери таъсири худ қарор дода истодааст. Сабаби асосии ин муборизаи нокофии дастаҷамъонаи  ҷомеаи ҷаҳонӣ, бетарафии бархе аз давлатҳо, бархурди манфиатҳои абарқудратҳо, истифодаи ин қувваҳо барои мақсадҳои сиёсӣ ва геополитикӣ ба ҳисоб рафта, сабаби паҳн шудан ва то ба ташкил намудани давлати худ бо номи Давлати Исломӣ оварда расонид.

Яъне бетарафӣ, нофаҳмиҳо байни давлатҳо сабаби дар дохили давлатҳои мустақил (Сурия, Ироқ,) пайдо шудани давлати нави террористию экстремистӣ гашт.

Мувофиқи баъзе маълумотҳои дар расонаҳо паҳншуда шаҳрвандони 80 – кишвари дунё дар самти терроризм ва экстремизм дар давлати ба ном “Давлати Исломӣ” иштирок намуда истодаанд. Агар ҳамин давлатҳо муттаҳид шуда, бар зидди ин зуҳурот мубориза баранд умед аст, ки онро нобуд месозанд.

Кишвари мо, ки аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолии худ бо ин гурўҳҳои ифротгаро рубарў шуда буд, оқибатҳои онро хуб дарк намуда аз рўзҳои аввали эълони мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамаҷониба онро дастгири намуда дар мубориза бо он омодабошии худро изҳор намуда то ба имрўз бар зидди ин зуҳурот дар алоҳидагӣ ва дастаҷамъона муборизаи бе амон бурда истодааст.

Айни замон ҳар яки мо аз ҳодисаҳои Афғонистон огоҳӣ дорем. Агар масъалаи терроризм дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон роҳи ҳалли худро наёбад, пас минтақа ва ҷаҳон ҳеҷгоҳ амн буда наметавонад.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо ин давлати ба мо дўсту ҳамсоя сарҳади тўлони дорад. Бинобӣарин мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба ҳар гуна гурўҳҳо ва ҳизбҳои ифротгаро майл набандем. Чунки он давлатҳое, ки зиракии сиёсиро аз даст доданд дар кадом вазъият имрўз қарор доранд ба мо хуб маълум аст ва ҷои ёдовар шудани онҳо нест.

Бинобар ҳамин нигоҳ доштани сулҳу субот, тинҷию амонӣ, ваҳдату якдилӣ ва ба мерос гузоштани давлати тинҷу ороми тарақикарда ба наслҳои оянда аз ҳар яки мо вобастагии калон дорад. Ва ин масъулияти гарон пеш аз ҳама бар дўши мо ҷавонон мебошад, чунки ҷавонон пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Мо бояд сабру таҳаммулро  пеша намуда, барои расидан ба мақсаду мароми худ бо меҳнати ҳалолу номи нек, фаъолияти пурсамар намоем, то ки фарзандони мо дар оянда аз мо фахр намоянд. 

Исматуллозода Ҷаҳонгир,

нозир-референти Раёсати ҳуқуқ, кадр

ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрӣ бо хонум Лара Мари Уайт

Next Post

Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир

Next Post

Терроризм ва экстремизм – зуҳуроти номатлуби замони муосир

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.