Терроризм аз оғози асри нав аниқтараш аз 11 – сентябри соли 2001 муборизаи фаъол ва кушодаи худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода таҳдиди навро барои тамоми ҷаҳон ва дар алоҳидагӣ барои ҳар як давлати мустақил эълон дошт. Маҳз аз ҳамин давра ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк намуд, ки бо ин зуҳуроти номатлуб дар танҳои мубориза бурдан судбахш набуда, баръакс барои пешгирӣ, бартараф ва решакан намудани ин вабои аср муборизаҳои қатъии дастаҷамъонаи худро бояд оғоз намуд. Дар ҳақиқатан ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои мубориза бурдан бо ин зуҳуроти аср омодабошии хаматарафаи худро пешниҳод намуда буд.
Имрӯз роҳбарияти Тоҷикистон ин сиёсати худро минбаъд низ идома хоҳад дод, то ки Афғонистон дигар на пойгоҳи терроризми байналмилалӣ, на маркази қочоқи маводи мухаддир, балки як кишвари ором ва ҳамсояи осуда бошад. Ҳамчунин, бо мақсади ҳукмфармо гаштани сулҳу амнияти пойдор дар Афғонистон мо бояд ба ин кишвар кўмаку дастгирии худро дареғ надорем.
Зиёда аз 20 – сол мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо экстремизм ва терроризм муборизаи фаъол ва кушодаро бурда истодааст. Дар ин давра бо вуҷуди муборизаҳои қатъӣ ва истифодаи қувва, терроризм ва экстремизм натанҳо несту нобуд карда нашуд балки он торафт мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ зиёд намуда, ҳудудҳои навро зери таъсири худ қарор дода истодааст. Сабаби асосии ин муборизаи нокофии дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бетарафии бархе аз давлатҳо, бархурди манфиатҳои абарқудратҳо, истифодаи ин қувваҳо барои мақсадҳои сиёсӣ ва геополитикӣ ба ҳисоб рафта, сабаби паҳн шудан ва то ба ташкил намудани давлати худ бо номи Давлати Исломӣ оварда расонид.
Яъне бетарафӣ, нофаҳмиҳо байни давлатҳо сабаби дар дохили давлатҳои мустақил (Сурия, Ироқ,) пайдо шудани давлати нави террористию экстремистӣ гашт.
Мувофиқи баъзе маълумотҳои дар расонаҳо паҳншуда шаҳрвандони 80 – кишвари дунё дар самти терроризм ва экстремизм дар давлати ба ном “Давлати Исломӣ” иштирок намуда истодаанд. Агар ҳамин давлатҳо муттаҳид шуда, бар зидди ин зуҳурот мубориза баранд умед аст, ки онро нобуд месозанд.
Кишвари мо, ки аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолии худ бо ин гурўҳҳои ифротгаро рубарў шуда буд, оқибатҳои онро хуб дарк намуда аз рўзҳои аввали эълони мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамаҷониба онро дастгири намуда дар мубориза бо он омодабошии худро изҳор намуда то ба имрўз бар зидди ин зуҳурот дар алоҳидагӣ ва дастаҷамъона муборизаи бе амон бурда истодааст.
Айни замон ҳар яки мо аз ҳодисаҳои Афғонистон огоҳӣ дорем. Агар масъалаи терроризм дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон роҳи ҳалли худро наёбад, пас минтақа ва ҷаҳон ҳеҷгоҳ амн буда наметавонад.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо ин давлати ба мо дўсту ҳамсоя сарҳади тўлони дорад. Бинобӣарин мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба ҳар гуна гурўҳҳо ва ҳизбҳои ифротгаро майл набандем. Чунки он давлатҳое, ки зиракии сиёсиро аз даст доданд дар кадом вазъият имрўз қарор доранд ба мо хуб маълум аст ва ҷои ёдовар шудани онҳо нест.
Бинобар ҳамин нигоҳ доштани сулҳу субот, тинҷию амонӣ, ваҳдату якдилӣ ва ба мерос гузоштани давлати тинҷу ороми тарақикарда ба наслҳои оянда аз ҳар яки мо вобастагии калон дорад. Ва ин масъулияти гарон пеш аз ҳама бар дўши мо ҷавонон мебошад, чунки ҷавонон пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Мо бояд сабру таҳаммулро пеша намуда, барои расидан ба мақсаду мароми худ бо меҳнати ҳалолу номи нек, фаъолияти пурсамар намоем, то ки фарзандони мо дар оянда аз мо фахр намоянд.
Исматуллозода Ҷаҳонгир,
нозир-референти Раёсати ҳуқуқ, кадр
ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират