Мубориза бар зидди коррупсия — кори ҳамаи мост

Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он кори умум ба ҳисоб меравад. Ин масъала мавзӯи асосии вохӯрии корманди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар Хадамоти муҳоҷират бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамот доир гардид.

Ҳадафи мулоқот аз ба вуҷуд овардани фазои оштинопазир бо коррупсия ва пешгирӣ намудани воридгардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротӣ иборат буд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир доир ба мақсаду мароми мулоқот, роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ ва тарғибу ташвиқи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳарф зада, аз ҷумла, таъкид сохт, ки «яке аз мушкилоте, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халалдор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Зеро ҳанӯз ҳам аз тарафи баъзе кормандони ташкилоту муассисаҳо содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд».

Сарнозири Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсионӣ пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионии Сараёсати муқовимат бо коррупсия, подполковники адлия Маҷиди Абдукарим Асрориён ҳозиринро ба ҳамкорӣ бо мақомот, пешгирӣ ва решакан намудани ҳодисаҳои коррупсионӣ дар ҷомеа даъват намуда, ҳамзамон доир ба даст доштани баъзе ашхос дар ин амали номатлуб бо таассуф сухан гуфтанд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо