Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин давлате ба ҳисоб меравад, ки бо дарки хатарҳои афзоянда бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ «Стратегияи миллии муқовимат ба терроризм ва экстремизмро барои солҳои 2016 – 2020» ќқабул намуда, айни ҳол татбиқи «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025», ки аз 1 июни соли 2021 таҳти № 187 тасдиқќ шудааст амалӣ гардида истодааст.
Вобаста ба ин ду зуҳуроти номатлуб Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонпайваста таъкид менамоянд, ки мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроизм ва террористро ба худи, бегона ашади ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, “террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.
Гарчанде таъсири омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба раванди гароиши аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон, ба экстремизму терроризм коҳиш ёфта бошад ҳам, ин маънои онро надорад. ки омилҳои хатарноки ин раванд бо тамом аз байн рафтаанд. Имрўз ифротгароён бо истифода аз имконятҳои технологияҳои муосири иттилоотӣ фаолияти худро густариш медиҳанд.
Пайравони созмонҳои экстремистию террористӣ барои ноором сохтани вазъият кӯшиш ба харҷ дода аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода менамоянд. Ҳадафи асоси онҳо шомил намудани шахсони бегуноҳ аз табақаҳои осебпазири ҷомеа, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин гурӯҳҳои радикалӣ ба шумор меравад. Дар ин вазъият рисолати ҳар як фарди ватандуст додани посухи сазовор ба чунин гурўҳҳо мебошад.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кўлоб дар ин самт дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд. Кормандони шуъба дар ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею колеҷҳо ва донишгоҳҳо корҳои ташвиқотию тарғиботиро оиди пешгирӣ ва аз байн бурдани ифротгароӣ, ҳамзамон дар рўҳияи ватандўстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарбия намудани насли навраси ҷомеа ва ҷавонон роҳандозӣ менамоянд.
Бо назардошти он, ки мо дар фаолияти ҳамарўза бо муҳоҷирони меҳнатӣ сару кор дорем, чунин суҳбату вохӯриҳои судмандро бо онҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кўлоб ташкил намуда, вобаста ба пешгирии шомилшавии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурўҳҳои эктремистию террористӣ ва оқибатҳои номатлуби он ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ менамоем.
Чунин чорабиниҳои судманд дар 5 моҳи соли ҷорӣ бо иштироки мутахассисони мақомотҳои дахдор, ниҳодҳои шаҳрвандӣ, раисони маҳаллаҳои шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот, намояндагони ВАО ва муҳоҷирони меҳнатии баргашта 5 маротиба баргузор карда шуд, мақсади асоси ин тақвият додани муборизаи дастаҷамъона ҷиҳати решакан кардани ин вабои аср башумор меравад.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кўлоб