• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Uncategorized

Муборизаи беамон бар зидди гурӯҳҳои экстремистию террористӣ

admin by admin
01.11.2023
in Uncategorized, Хабархо, Хабарҳо
0
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

«Мубориза бо терроризм ва экстремизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд».
Эмомалӣ Раҳмон.

Имрӯз оромиву суботи ҷомеаи ҷаҳониро ташкилу ташаккули гурӯҳҳои экстремистию террористӣ таҳдид менамояд. Барои бомуваффақият муқобили экстремизм (ифротгароӣ) ва пешгирии он дар ҷомеа мубориза бурдан, ҷанбаи ҷиноятии ин зуҳуротро донистан ва фаҳмидан зарур аст. Мақсади экстремистону террористон даъват ба нооромӣ, дигаргун намудани сохти конститутсионӣ, ғасб намудани ҳокимият, тасарруфи салоҳияти он, барангезии миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоию мазҳабӣ ва ғайраҳо мебошад. Сарварону масъулони гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ, аз ҷумла тамоми воситаҳоро ба кор мебаранд, то мақсадҳои нопоки худро амалӣ гардонанд. Халалдор гаштани ҳаёти осоиштаи мардум, рехтани хуни шахсони бегуноҳ, ҳатто кӯдакон онҳоро заррае ба ташвиш намеорад. Оид ба оқибатҳои нохушу нанговари аъмоли афроде, ки дар либосу сурати “озодандешони нафърасони ҷомеа” ба иқтисодиёту иҷтимоиёт ва маънавиёти мардум мисли каждумони зери бӯрё зарар мерасонанд, борҳо гӯшрас кардаву дар маҷаллаҳою рӯзномаҳои даврӣ чоп кардаанду дар сомонаҳои интернетӣ ҳарф мезананд. Мо аллакай медонем, ки ин наҳзативу салафиву таҳририву ихвонӣ ва думравони онҳо чӣ нияту мақсадҳои нопок доранд.

Ҳар як ҳизб дар доираи ақидаи сиёсии тарафдорону ҳаводоронаш таъсис ва фаъолият менамояд. ҲНИ, ки як муддат авомфиребона бо роҳи сохтакорию ақидаҳои бегонапарастӣ қишри муайяни аҳолии ҷомеаи моро ба тарафи худ кашида буду ба мақсад нарасид, имрӯзҳо шармандавор зери таъсиру дастгирии хоҷагони хориҷиаш боз мехоҳад ба арсаи сиёсат баргардад. ТЭТ ҲНИ на фақат миллати тоҷикро гумроҳ сохту фиреб дод, балки бо найрангу бузбозиҳояш дар Аврупо низ нуфузи сиёсиро ба даст оварданист. Ин ҳизби террористӣ, аз як тараф, мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро камрангу бетаъсир нишон додан хоста, ҳамзамон кӯшиш менамояд, ки дар зеҳни мардум, хусусан мардуми Аврупо Тоҷикистонро ҳамчун давлати ба сиёсати САҲА мухолифатдошта муаррифӣ созад. Дар баробари ин, бозтоби манфии назарҳо дар шинохти ҳизби наҳзати исломро дар назди САҲА бо хабару наворҳои дур аз воқеият дар зеҳни бинандаю шунаванда таблиғ намуда, худро рӯёрӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун «мусичаи бегуноҳ»-у «қурбонии сиёсӣ» муаррифӣ кардан мехоҳад. Айни ҳол ТЭТ ҲНИ бо роҳбари гурезааш Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаводорони сарсахташ муборизаҳои фейкиро дар расонаҳои иҷтимоӣ паҳн карда мехоҳанд, ки бо баромадҳои «пурмуҳтавою» ширкати фаъолона худро намоиш диҳанд. Ин ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсии худ бештар ба эътиқоди динии мардум таъсир мерасонанд ва мардумро бо ҳар роҳу усул бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар муқобили ақидаҳои динист. Мутаассифона, дини мубини Исломро барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода мебаранд.

Дар як зумра давлатҳои дунё, бахусус давлатҳои исломӣ ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзудани теъдоди фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани мушкилоти дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Экстремизму терроризм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Рӯҳониёну исломшиносон борҳо таъкид намудаанду худи мардум ҳам кайҳо дарк кардаанду муътақиданд, ки ин гурӯҳҳои ифротӣ, ки амалеро бо номи «ҷиҳод» анҷом дода истодаанд, бо исломи асил иртиботе надорад. Бо ин амалҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорҳо нафари бегуноҳро рехта, кӯдаконро бесарпаноҳу занонро ба ҳалокат расонида истодаанд. Бино бар ин, ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро истифода бурда истодаанд. Зеро сулҳе, ки бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон омад, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин соҳибистиқлоливу осудагӣ, ваҳдату сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон cap бароварда, баҳри ҳифзи кишвар аз душманон, ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, алайҳи афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем, чунки дар ин лаҳзаҳо бетарафӣ нобахшиданист.

Қодирзода Қурбоналӣ,
Сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯшониён

Previous Post

Коррупсия – зуҳуроти номатлуби аср

Next Post

Ваҳдати миллӣ ва дарки арзиши он

Next Post

Ваҳдати миллӣ ва дарки арзиши он

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.