Мукофоти арзанда ба шахсияти арзанда

Дирӯз, 25 август дар Қасри миллат Президенти мамлакат ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.

Дар ин радиф Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир низ ба мукофоти давлатӣ “Оредени Шараф” дараҷаи-2 сарфароз гардонида шуданд. Каримзода Тоҳир дар соҳаҳои гуногун содиқона кору фаъолият намудаанд, ки ба ин мукофот қадрдонӣ шуданд ва ин бесабаб ҳам нест, зеро ин шахсияти заҳматкаш солиёни зиёд аст, ки барои ободии кишвар ва пешравии ҷамъият саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Мо кормандони Хадамот аз он фахр менамоем, ки чунин як роҳбари кордону меҳрубон дорем. Ӯ ҳамеша дар фикри мост, дар фикри пешравию ободии корхона ва кишвари маҳбубамон мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки соли 2022 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сифати боз як соли бобарор сабт гардид, зеро бо вуҷуди таъсири манфии вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии минтақа ва ҷаҳон ба иқтисоди миллии мо соли ҷорӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.

Дар рӯзи супоридани муковофотҳои давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар амалӣ гардидани корҳои зикршуда ҳиссаи ҳар яки фарди кишвар арзанда мебошад.

Аз ин лиҳоз, Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат заҳмати софдилона, хизмати содиқона ва фаъолияти созандаи ҳар шахсро ба таври шоиста қадрдонӣ намуданд.

Мукофоти давлатӣ муборак роҳбари ҳалим, инсони поку ватандӯст Каримзода Тоҳир!

Ифтихор дорем!

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо