Мулоқот бо роҳбари ширкати HOPS Labour Solutions Ltd

15 марти соли равон Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо роҳбари ширкати HOPS Labour Solutions Ltd Ҷонатан Бургессро баҳузур пазируфт.

Нахуст сардори Хадамоти муҳоҷират ташрифи меҳмонро ба Хадамот  хайрамақдам гуфта, ҷиҳати  тақвият ва густариши ҳамкориҳо арзи сипос намуд.

Зимни мулоқот Нодирзода Иматшо оид ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъият ва дурнамои муҳоҷират, касбомӯзии муҳоҷирон, донистани забонҳои хориҷӣ, ичунин риояи қоидаҳои будубоши кишвари қаублкунанда андешаронӣ намуд.

Ӯ қайд намуданд, ки имрӯз муҳоҷирати меҳнатӣ равандест, ки аксари кишварҳои олам бо ин падида рӯ ба рӯ мебошанд. Муҳоҷирати меҳнатӣ паҳлӯҳои гуногун дошта, ниёз ба омӯзиш ва таҳқиқоти бештар дорад.

Дар навбати худ роҳбари ширкати HOPS Labour Solutions Ltd  Ҷонатан Бургесс иброз намуд, ки ҳадаф аз сафари мазкур – шиносоӣ ва муҳокимаи баимзорасонии шартномаи ҳамкорӣ ва муҳокимаи масъалаҳо атрофи ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои мавсимӣ дар Британияи Кабир мебошад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лондон, масъулони ширкати болозикр ният доранд, дар соли ҷорӣ ба мақсади ҷалби бештари шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба корҳои мавсимӣ дар ин кишвар мебошад.    

Чуноне, ки мо иттилоъ дода будем, тибқи идомаи интихоб ва сафарбаркунии шаҳрвандон барои корҳои мавсимии кишоварзӣ ба Британияи Кабир дар доираи ҳамкориҳо бо ширкати англисӣ «Pro-Force» сафарбаркунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хостори фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар соҳаи кишоварзии Британияи Кабир буда, аз санҷиши намояндагони ширкати корфармо гузашта буданд, оғоз гардид. Айни замон аз ҷониби худи ширкат аз тариқи онлайн бо шаҳрвандон суҳбат намуда, 700 нафари онҳоро интихоб намуданд, ки марҳила ба марҳила ба Британияи Кабир фиристода мешаванд.

Ҳамзамон, қайд намуд, ки ҳамкории ширкати «Pro-Force» бо МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, ки муассисаи давлатӣ аст, хуб ба роҳ монда шудааст. Тибқи тартиб, чунин хизматрасониҳо комилан ройгон буда, аз шаҳрвандон маблағ талаб карда намешавад.

Дар феҳрасти талабот аз муҳоҷирон донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират зикр шудааст. Муҳлати сафар то 6 моҳ, хароҷоти сафар аз сӯи худи муҳоҷирон пардохт мегардад. Феълан ҳудуди зиёда аз ҳазор нафар барои муҳоҷирати мавсимии меҳнатӣ ба Бритониё номнавис шудаанд.

Инчунин, 13 марти соли равон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс, ки ӯро муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нодирӣ Шаҳноза Анвар ҳамроҳи мекард, аз Хадамоти муҳоҷират дидан намуданд.

Дар суҳбат Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс арз намуд, ки омодааст барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти Сафорат дар ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ ба ин кишвар, мусоидат хоҳад кард.

Дар фарҷоми мулоқот Тарафҳо омодагии худро баҳри тақвият ва густариши ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.

Вохӯрӣ дар фазои озод ва якдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо