Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Баҳманруд бо иштироки зиёда аз 30 нафар мулоқот доир гардид.
Мавзӯи асосии мулоқот иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» буд. Дар назди иштирокчиён мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия суханронӣ намуда, қайд кард, ки аз рӯи моҳияти худ терроризм аз ҷиноятҳои хавфноктарини даврони муосир буда, на танҳо характери миллӣ, балки байналмилалӣ дорад. Мубориза зидди терроризм ва экстремизм дар даврони муосир аҳамияти бештаре касб мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати зидди террористиро пеша кардааст, зеро дар рафти ҷанги шаҳрвандии соли 1992 фоҷеаи террористиро аз сар гузаронида, аз даҳшати он хуб хабардор мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.
Дар ин чорабинӣ кормандон ва фаъолони ҷамоат, ходимони дин, омӯзгорон, кормандони тиб, раисони кумитаи маҳаллаҳо, занҳои фаъоли ҷамоат, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо иштирок карданд.
Ҳамчунин дар чорабинии мазкур аз ҷониби бахш ба иштирокчиён буклету варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик