8 августи соли 2023 дар кӯчаи ба номи Шаумян, хонаи 43-и шаҳри Екатеринбург, дар мавзеи сохтмонӣ, вохӯрии ҳайати ҳукуматии кории тоҷикистонӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ 60 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ташкилоти «М-Строй» ба сифати сохтмончӣ кор мекунанд, баргузор гардид.
Роҳбарии ширкати «М-Строй»-ро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Мирзоев, зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба уҳда дошта, зиёда аз 200 нафар зодагони Тоҷикистон дар ин ширкат ба кори касбӣ ҷалб шудаанд.
Бо ҳозирин оид ба масъалаҳои зарурати риояи қунунгузорӣ дар кишвари иқомат, эҳтиром нисбат ба фарҳанг, урфу одатҳои мардуми маҳаллӣ, дурӣ ҷӯстан аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифродгаро, ҳифзи арзишҳои маънавию ахлоқии миллӣ ва дигар паҳлуҳои рӯзгори муҳоҷирони меҳнатӣ суҳбатҳои муфиди самимӣ доир гардиданд.
Ба ҳамаи иштирокдорони ин мулоқоту дидорбинӣ буклетҳои интишор кардаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуданд. Дар ин буклетҳо маълумоти дақиқи мухтасар дар бораи ҳизбу гурӯҳҳои мамнӯю хатарзо, сомона ва саҳифаҳои интернетии мамнӯъ, ки сохторҳои террористиву ифродгаро тавассути онҳо фаъолияти таблиғотии худро миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозанд, ҷамъ оварда шудааст.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират