Нимаи дуюми рӯзи 8 августи соли 2023 мулоқоти муовини раиси вилояти Свердловск Василий Козлов ва гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Валиев Назрулло баргузор гардид.
Ҷонибҳо доираи васеи мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла имкони ҳамкорӣ дар самтҳои муҳоҷират ва ҷилавгирӣ аз шаклҳои динӣ ва дигар шаклҳои ифротгароӣ тавассути муборизаи муштарак байни ҷавонон ба зуҳуроти ақидаҳои тахрибкорро мавриди баррасӣ қарор дода, дурнамои рушди хамкории минбаъда дар таълими чавонон дар донишкадахои олӣ ва миёнаи касбӣ-техникии Урали Миёна, ба ҳамдигар фиристодани мол, мубодилаи фарҳангӣ ва туризм.
Валиев Нарзулло, зимни суханрони дар музокира қайд кард, ки муносибати диаспораи тоҷикон дар вилояти Свердловск бо мардуми маҳаллӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Зимни гуфтушунидҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангу муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират