Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон як вохӯрии судмандро бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Дустӣ баргузор намуд. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 100 нафар сокинони ноҳия иштирок доштанд.
Зимни мулоқот баромадкунандагон муфассал дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва будубоши онҳо сухан гуфта, қайд намуданд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити имрӯза тақрибан дар аксари мамлакатҳои чаҳон ба мушоҳида мерасад. Ҳар сол шаҳрвандони кишвари мо ба шаҳру минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, мамлакатҳои Ховари Миёна ва дигар кишварҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, аксаран аз рӯи касбҳои коргарӣ ва қисман вобаста ба ихтисосу касбҳои омeхтаашон фаъолият мекунанд.
Барои ба низоми муайян даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва омeхтану аз худ кардани роҳу усулҳои муҳоҷират Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат, шуъбаҳо ва бахшҳои ин Хадамот дар вилояту ноҳияҳо мутасаддӣ мебошанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Дустӣ низ бахши Хадамоти муҳоҷират фаъолият дорад, ки фаъолияти худро дар асоси дастуру тавсияҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби мақомоти болоӣ пешниҳод шудаанд, ба роҳ мондааст.
Вобаста ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ шароити ба кор таъмин намудан ва шартҳои муҳоҷират рӯз то рӯз сабуктар гардида, мушкилоти ҷойдошта бартараф хоҳад шуд.
Айни замон бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Дустӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки корҳои иттилоотӣ-маърифатиро дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ – муҳоҷирони меҳнатӣ ҷоннок намуда, ҳамарӯза нисбати онҳо кумаки худро дареғ намедорад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон