Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоати деҳоти Гулхона маҳаллаи Дустӣ доир ба «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» мулоқоти судманд баргузор намуданд.
Зимни мулоқот баромадкунандагон, дар атрофи масъалаҳои мубрами рӯз вобаста ба муҳоҷирати бехатар дар байни аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба ватандустию хештаншиносӣ, хизмат ба модар-Ватан баромад намуданд.
Дар чорабинӣ зиёда аз 50 нафар сокинони ҷамоат ва муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок доштанд.
Бояд гуфт, гузаронидани чунин корҳои иттилоотӣ дар ҷамомату деҳотӣ ноҳия идома дорад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов