Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоати шаҳраки Меҳробод бо донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаи Коллеҷи омӯзгории техникии №65 доир ба «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», бурдани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ вобаста ба муҳоҷирати бехатар дар байни аҳли ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба ватандустию хештаншиносӣ, хизмат ба модар-Ватан мулоқоти судманд баргузор намуданд.
Дар чорабинӣ зиёда аз 50 нафар донишҷӯён ва омӯзгорони муассиса иштирок доштанд. Дар фарҷоми мулоқот ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Бояд қайд кард, ки гузаронидани корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар ҳама шуъбаю бахшҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд мунтазам идома дорад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов