Дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода аз марказҳои касбомӯзии шаҳри Самарқанд дидан намуда, бо ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо қайд намуданд, ки омодасозии кадрҳои коргарии мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаб мебошад. Дар ин замина, ҳокими вилояти Самарқанд аз фаъолияти самарабахши мономарказҳо ёдовар шуда, таъсирнокии ин марказҳоро дар тарбияи кадрҳои коргарӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Ширин Амонзода низ дар навбати худ қайд кард, ки бинобар сабаби тавъам будани мушкилотҳо дар самти омодасозии кадрҳои коргарӣ дар байни ду кишвар, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар сатҳи маҳал ва вилоятҳои ҳаммарзи ҳарду кишвар ва табодули таҷриба муҳим мебошад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои боз ҳам густариш додани муносибатҳои мутақобилан судманд ҳамкориҳоро идома дода, корро дар сатҳи вилоятҳои ҳаммарз густариш диҳанд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон