Муноқиша ва оқибатҳои он дар давлатӣ иқомат

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 15 июни соли 2021, №364 “Дар бораи чораҳои мувақатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)” нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия аз ҷойҳои ҳабс озод карда шудаанд ё ғайриқонунӣ сарҳади давлатии Федератсияи Россияро убур кардаанд ва ё ба амнияти миллии Федератсияи Русия таҳдид мекунад, аз ҷумла онҳое ҳастанд, ки тарафдори маҷбуран тағийр додани пояҳои сохти конститутсионии Федератсияи Русия мебошанд ё дар амалҳои террористӣ (экстремистӣ) ё содир кардани онҳо мусоидат мекунанд, нчунин бо дигар амалҳое, ки фаъолияти террористӣ (экстремистӣ) -ро дастгирӣ мекунанд ё ба тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоӣ ё пикет иштирок мекунанд дар бораи ихроҷи маъмурии онҳо аз Федератсияи Россия қарор қабул карда мешаванд.

Тибқи санади мазкур шаҳрвандоне, ки дар ҳолатҳои фармон пешбининамуда дастгир карда шаванд онҳо аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ карда мешаванд.

Дар иртибот ба ин Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, мерасонад, ки сарҳади давлатии Федератсияи Россияро ғариқонуни убур накарда, тибқи санади муайяннамудаи Федератсияи Россия ба ин кишвар ташриф оваранд. Ҳамзамон, маълум менамоем, ки дар чорабиниҳои ифротгароӣ, террористӣ (экстремистӣ) ё содир кардани ба онҳо мусоидат мекунанд, инчунин бо дигар амалҳое, ки фаъолияти террористӣ (экстремистӣ) -ро дастгирӣ мекунанд ё ба тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, роҳпаймоӣ ё пикетҳои ғариқонунӣ иштирок наварзед.

Мавриди зикр аст, ки вақтҳои охир муноқишаҳо миёни муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои узви ИДМ мустақил бештар гардида, тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 шумораи муноқишаҳо миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва халқиятҳои гуногун 5% афзоиш кардааст.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо