20 октябри соли 2021 дар ҳудуди иншооти сохтмонии воқеъ дар назди метрои «Рассказовка»-и шаҳри Москва сӯхтор ба амал омад.
Бо мақсади кӯмаки фаврӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, оқибати зарари расида ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва оқибатҳои рафъи мушкилоти дар натиҷаи сухтор ба миёномадаро муҳокима намуданд.
Дар иншооти мазкур беш аз 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон тибқи шартнома бо 4 ширкати сохтмонӣ ба кор ҷалб шуда, фаъолият менамоянд. Мавриди зикр аст, ки 80 нафари онҳо дар хобгоҳи ҳамон сохтмон иқомат мекунанд.
Сӯхтор дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух додааст.
Боиси тазаккур аст, ки дар натиҷаи сухтор тақрибан 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон молу ашё ва зиёда аз 17 нафар ҳуҷатҳояшонро аз даст додаанд.
Зимни суҳбати бо роҳбарияти иншооти сохтмонии мазкур Симонов А.А. ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маблағи барқарорсозии ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ҳамчун ҷуброн аз ҷониби ин ширкат пардохта карда мешавад.
Ҳамчунин ширкати мазкур дар таъмин кардани шаҳрвандон бо хобгоҳ, маводи либоса ва дигар лавозимоти зарурӣ омодагии худро изҳор намуданд.