Мусоидат дар ҳали мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳавзаи Федералии Приволже

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки дар ҳавзаи Федералии Приволжиеи Федератсияи Россия 617700 ҳазор рубли русии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуд.

Мавриди зикр аст, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.З.Ҳ. зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор бо мақсади расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ санаи 22 августи соли 2021 ба Намояндагӣ дар ҳавзаи Федеролии Приволже муроҷиат намуд.

Зимни баррасии муроҷиати шаҳрванд муайян гардид, ки шаҳрванд санаи 20 августи соли 2021 аз яке аз намоишгоҳи фурӯши нақлиётии шаҳри Уфа нақлиёти сабукравро харидорӣ намуда, ҳамзамон барои он дар ҳаҷми 5200,0 рубл аккомулятор, 10000,0 ҳазор рубл суғуртаи нақлиёт ва 2500,0 рубл сӯзишворӣ масраф намудааст. Зимни бақайдгирии расмии нақлиёт дар Раёсати бозрасии давлатии бехатарӣ дар роҳи шаҳри Уфаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Бошқирдистон муайян гардид, ки рақами мушаххаси воситаи нақлиёт ба нақлиёти харидоришуда тааллуқ надорад.

Масъулини Намояндагӣ бо роҳбарияти намоишгоҳ суҳбат гузаронида, ҳолати воқеии кор ва паҳлуҳои ҳуқуқии гартномаи баимзорасидашуда баррасӣ гардид. Дар натиҷаи музокирот шартномаи тарафҳо оид ба харидории воистаи нақлиёт бекор карда шуда, маблағи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 617700 ҳазор рубли русӣ, муодили зиёда аз 94 000 ҳазор сомонӣ баргардонида шуд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилӣ метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо