Музди меҳнати нопардохти муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкати «Крокус Групп» баргардонида шуд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки музди меҳнати нопардохти муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкати сохтмонии «Крокус Групп» барои соли 2022 ба маблағи зиёда аз 100 млн. рубл ба пуррагӣ баргардонида шуд.

Масъалаи нопардохти музди меҳнат зимни вохӯриҳои пайвастаи Намояндагӣ бо роҳбарияти ЖК “Лесобережный” ноҳияи Красногорск вилояти Москва ва муҳоҷирони меҳнатӣ – шарвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки фармоишгари иншооте, ки муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекунанд, ООО «Технический заказчик Фонда защиты прав граждан-участников долевого строительства» буда, пудратчӣ «Крокус Групп” мебошад. Дар хусуси қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат аз ҷониби роҳбарияти ширкат қайд гардид, ки бинобар дермонӣ дар маблағгузорӣ аз ҷониби фармоишгар натавонистанд, музди маоши кормандонро сари вақт пардохт намоянд.

Дар сохтмони иншооти мазкур наздик ба 2300 нафар корманд ҷалб карда шудаанд, ки қариб 1000 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва боқимонда аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд.

Зимни суҳбатҳои гузаронидашуда бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар иншооти мазкур кор мекунанд, маълум гашт, ки будубош, 3 вақт хӯрок, пардохти маблағи ҳармоҳаи патент, бақайдгирӣ ва либоси махсус аз ҳисоби корфармо мебошад ва дар давоми 5 – 6 соли фаъолият дар ширкати мазкур бори аввал аст, ки мушкилоти сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнат ба миён омадааст.

Айни замон, масъалаи пардохти музди маоши кормандон барои моҳҳои январ ва феврали соли 2023 зери назорати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират қарор дорад.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо