Нодирӣ Шаҳноза Анвар бо директори ҶДММ «РЕЗЕРВ» мулоқот намуд

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар бо яке аз субъектони калони хоҷагидори вилояти Ленинград, роҳбари ҶДММ «Резерв» Умнов Андрей Викторович мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ҶДММ «Резерв» зиёда аз 350 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ намуда истода, шароит ва имкониятҳои мусоид барои зиндагӣ ва фаъолияти кории онҳо фароҳам оварда шудааст.

Дар доираи мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои дуҷониба дар самти муташаккилона сафарбарнамоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ширкати мазкур, таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ, фароҳамоварии шароити корӣ, риоя гардидани қонунгузории меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои муҳоҷиратиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо