Бо ибтикорӣ Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 14-19-уми феврали соли 2022 дарсҳои омӯзишӣ доир ба мавзӯъи раванди муҳоҷират аз ҷумла, дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони шуъбаҳо ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷумла, Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳринав, Тоҷикобод ва Файзобод иштирок доштанд.
Дар баробари ин дигар мавзуъҳои муҳими самти муҳоҷират, инчунин ба иштирокчиёни дарсҳои омӯзишӣ доир ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, №467 «Низомномаи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 3 майи соли 2010, №211 «Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамзамон вобаста ба тағйиру иловаҳои нави ба қарорҳои зикр гардида ворид шудаанд мавриди омӯзиши ҳамаҷонибаи шунавандагон қарор дода шуд.
Ба иштирокчиёни дарсҳо нусхаҳои қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати дохилию экологӣ қабулшуда, тағйиру иловаҳои ба онҳо воридшуда ва дигар маводҳои зарурӣ ҷиҳати истифодаи минбаъда дастрас карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират