Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки гуруҳи муҳоҷирони меҳнатӣ барои пардохт нагардидани музди меҳнаташ аз ҷониби корфармо ба дафтари Намояндагӣ муроҷиат намуданд.
Пас аз ворид гардидани муроҷиатҳои мазкур масъулини Намояндагӣ бо мақсади таъмини кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кафолатҳои ҳифзи меҳнатӣ бо корфармо – роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ дар тамос гардида, масъалаи пардохти музди меҳнати муроҷиаткунандагонро баррасӣ намуданд.
Дар маҷмуъ, аз ҷониби Намояндагӣ тибқи муроҷиатҳои шаҳрвандон дар раванди фаъолияти корӣ 642800 рубли русии музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои марбутаи Федератсияи Россия баргардонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар семоҳаи аввали соли 2022 ба дафтари Намояндагӣ вобаста ба пардохт нагардидани музди меҳнаташон аз ҷониби корфармоён дар қаламрави Федератсияи Россия 49 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои профилактикӣ 2203200 рубли русии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҷониби корфармоён пардохт карда шуд.
Намояндагӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия медиҳад, ки пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо ҳатман шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ ва нусхаи дигарро ба шуъбаи минтақавии полис оид ба масъалаи муҳоҷиратӣ супоред.
Ин амал имконият медиҳад, ки иҷозатномаи фаъолият – патент пас аз итмом расидан муҳлат бидуни убури сарҳад , боз ба як соли дигари меҳнатӣ тамдид ёбад.
Намояндагии Вазорати меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолии
ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират