Пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва ВНМО

Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт ва ҳамкории судманд бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Меҳробод бо иштироки зиёда аз 30 нафар мулоқот доир гардид.

Мавзӯи асосии мулоқот пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО буд. Дар назди иштирокчиён мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт С. Назарова суханронӣ намуда, ба онҳо маводҳои ташвиқотию тарғиботиро оид ба муҳоҷирати бехатар, роҳои пешгирӣ ва мубориза ба муқобили бемориҳои сироятии ВНМО, сил, гепатит ва нашъамандӣ дастрас кард.

Ҳамингуна мулоқот дар ҷамоати деҳоти Суҷинаи шаҳри Панҷакент доир ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират бо мақомотҳои қудративу давлатӣ ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ кормандони ҷамоат, фаъолони ҷомеа, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок доштанд. Баромадкунандагон доир ба мавзӯҳои муҳими рӯзро ба саҳми ҳозирин расониданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо