Пешгирии ҷинояткорӣ ва падидаҳои номатлуб


Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдаки дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оила, раёсати маориф ва бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳия дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Навобод бо сокинон, коллеҷи технологӣ, фарҳанг бо донишҷӯёну устодон, инчунин бо гурезаҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар ҳудуди ноҳия муваққатан иқомат менамоянд, ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ аз падидаҳои номатлуб, гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, назорати риояи фарҳанги либоспӯшӣ ва ғайра мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардид.


Тавре аз бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия иттилоъ доданд, чунин маъракаҳои муҳим дар асоси Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии “Стратегияи муқовиммат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” ба роҳ монда шудааст.


Зимни суханронӣ баромадкунандагон арз намуданд, ки ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳои номатлубанд, ки осудагӣ ва тинҷии ҷомеаро халалдор намуда, ба амнияти ҳар як мамлакат хатар эҷод мекунанд.


Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷомеаи ҷаҳонист, аз хатари таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ эмин буда наметавонад.


Ибтидои солҳои 90 уми асри гузашта дар қаламрави кишвари мо бар асари нодонӣ, бетафовутӣ, бетаҷрибагӣ, камогоҳӣ бесарусомониҳо сурат гирифта, ҷанги шаҳрвандӣ ва бародаркуширо ба амал овард.


Дар давоми соҳибистиқлолии кишварамон амалҳои зиддитеррористие ба вуқӯъ омаданд, ки амнияти кишварро халалдор намуданд.
Хушбахтона, имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем.
Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки масъалаи таълиму тарбияро дар ҷои аввал гузошта, имкониятҳои кишварро барои боло бурдани маънавиёти ҷавонон қарор диҳем.


Ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем.


Масъулият дар ҳифзи муқаддасоти Ватан, марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди инҳо ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди кишвар аст.


Дар хатми мулоқоту вохӯриҳо ба саволҳои сершумори иширокчиён ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Чунин мулоқоту вохӯриҳои судманд бо сокинони ноҳия ва донишҷӯёну устодон мунтазам баргузор карда мешавад.


Идиев А.,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо