Тибқи нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадор, 2 майи соли равон дар Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо ҳайати кормандони раёсат машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯъи «Пешгирии нашъамандӣ дар байни ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ», баргузор гардид.
Машғулияти мазкурро табиби калони Муассисаи давлатии тандурустии « Маркази наркологии шаҳри Душанбе» Шуҳрат Мирзоев гузаронида, ҳангоми машварат ба ҳозирин моҳияти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи воситаҳои нашъадор ва психотропиро пурра фаҳмонид.
Дар охир аз ҷониби Мирзоев Ш., вобаста ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳои муфид дода шуд.
Бояд қайд намуд, ки чунин машғулиятҳо барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи кормандон ва ғани гардонидани фаъолияти ҷаҳонбинии онҳо заминаи мусбӣ мегузорад.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе