24-уми августи соли ҷорӣ бахши Хадамоти муҳоҷират дар нохияи Ашт якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи нохия дар бозори марказии «Меҳргон» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират зимни вохӯрӣ бо сокинон доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, қонунгузории нави Федератсияи Россия, омодагии пеш аз сафар, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, таълимоти ғайри расми динӣ, муқовимат бо савдои одамон, одамрабоӣ суҳбат баргузор намуданд.
Сипас ба шаҳрвандон варақаҳои иттилооти тақсим карда шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт