Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро бо сокинон муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо дар ҷамоати деҳоти Ифтихор, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8 ва №46 баргузор намуданд.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, қонунгузории Федератсияи Россия, омодагии пеш аз сафар, пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, таълимоти ғайри расмии динӣ, муқовимат ба савдои одамон, одамрабоӣ суҳбатҳо баргузор намуданд.
Дар фарҷоми вохӯриҳо ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.
Бояд қайд кард, ки гузаронидани чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар дигар ҷамоату деҳоти ноҳия низ идома дода мешавад.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт