31 августи соли равон кормандони шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара якҷоя бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва ҲХДТ дар шаҳри Исфара бо иштироки раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, муҳоҷирони ба ватан баргашта ва аъзои оилаи онҳо семинар – машварат доир намуданд.
Дар семинар – машварат баромадкунандагон оид ба ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирон ибрози андеша намуданд.
Зимни баромад намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират оид ба муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ибрози ақида намуд.
Инчунин бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор тибқи супориши Ситоди вилоятӣ вобаста ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони манъгашта дар ҶСК «НБО Роғун» варақаҳо ва буклетҳо пешниҳод намуда, барои бо кор таъмин шудан дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК «НБО Роғун» ба қайд гирифта шуданд.
Бояд зикр кард, ки чунин вохӯриҳои судманд бо сокинони шаҳри Исфара идома дорад.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара