3-юми августи соли ҷорӣ бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мастчоҳ дар якҷоягӣ бо Маркази таълимии калонсолон дар бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия бо муҳоҷирони мењнатие, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба мавзӯи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб» баргузор намуданд.
Зимни вохӯрӣ ба ҳар як муњољир – сокини ноҳия варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба мавзӯи мазкур, тақсим карда шуд.
Бояд зикр кард, ки Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд фаъолияти худро дар ин самт боз ҳам ҷоннок менамояд.
Бахши Хадамоти муҳорҷират дар ноҳияи Мастчоҳ