Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои терорристиву экстремистӣ

Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳои терорристӣ ва экстремистие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони гумроҳ, аз ҷумла ҷавонон барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини терорристию экстремистӣ мебошад.

Экстремист чист? – ин фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Терорризм чист? Терорризм ин зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони шинохта, арбобони давлатӣ ва воқеъӣ мебошад, ки дар натиҷаи он ба молу амволи шахсию ҷамъиятӣ зарари калон расонида шуда, боиси хавфи ҳалокати одамони бегуноҳи зиёд мегардад. Инчунин дар натиҷаи он сохти амнияти ҷамъият халалдор карда шуда ба он тарсу ваҳм ворид карда мешавад.

Тероррист кист? – шахсе, ки дар анҷом додани фаъолияти терорристӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд.

Донед, ки шахсони бегона метавонанд ба Шумо таъсир расонида гумроҳ намоянд ва ба созмонҳои гуногуни экстремистию терорристӣ ҷалб намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар иҷлосияи байналмиллалии мубориза бо терроризм дар давлати исломии Эрон 25 июни соли 2011 қайд карда буданд, кӣ: “Аз ин лиҳоз, ташаккули фазои ягонаи иттилоотии олам ба хатари нест кардани пойгоҳу бошишгоҳҳои таълимии террористон муҳим аст.

Идораҳои махсуси кишварҳои пешбари олам, бояд дар бораи бунёди махзани ягонаи маълумот дар ин соҳаи мубориза, ҳарчи зудтар ба мувофиқат оянд. Таҳияву тасдиқи усулҳои муассири амалиёти зиддитеррористӣ, ҷори намудани низоми умумиву мукаммали инъикоси ҳолатҳои марбуд ба иқдомҳои террористӣ низ ба манфиати кори умум мебуд ”.

Хусусан дар шароити имрӯза қайд намудан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст.
Аз ин лиҳоз, вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсӯзи миллату ватан аст. Чунки тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд ба чашм мерасад.

Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои нодурусти худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳи надоранд, ба сӯи ифроту ифротгарои ҷалб намоянд.

Бинобар ин бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти диниро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд.

Аз ин рӯ, моро мебояд, ки дар ин лаҳзаҳои ҳасос насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, тарбия намуда, шукри Истиқлоли Ватану давлатро намоем.

Шукри суботу оромии кишвари азизамонро карда, барои ваҳдати ҷомеъа талош намоем ва ба бегонапарастӣ ва дигар омилҳои носолим роҳ надоданро вазифаи муқаддаси худ шуморем.

Бобоев Муҳибулло,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шаҳринав

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо