Дар лаҳзаҳои тақдирсози таърихӣ, давлат аз ҳар як фарзанди сарсупурдаи худ тақозо менамояд, ки ба хотири имрӯзу фардои миллат ояндаи фарзандону наберагон Ватан- модарро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуда, баҳри амнияту осудагии он ҷони худро нисор созад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ (20 январи соли 2016) ба мақоми олии қонунгузории мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз «торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, изҳори нигарони намуд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон бояд ҳушдор бошанд, ки аз дунболи ҷараёнҳои нави дини ислом, ки дар ҷумҳурии мо низ пайдо шудаанд, хадамоти ҷосусии давлатҳои манфиатдор истодаанд, ки ба воситаи онҳо мехоҳанд манфиатҳои геополитикии худро дар минтақа ҳифз намоянд. Аз ин лиҳоз, бо таври васеъ дар байни табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ истифода бурдани ақидаҳои муқтадири фарҳангӣ- мазҳабӣ, таърихӣ- сиёсӣ, ирфонӣ- адабии мутафаккирони форсу тоҷик ба муқобили идеологияи экстремистӣ, амри зарурӣ ва тақозои замон аст.
Барои муқовимат кардан ба идеологияи экстремистӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ба табақаҳои гуногуни ҷомеа тавсия карда мешавад:
-бо пуррагӣ аз худ намудани шоҳасари «Тоҷикон»-и қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Ғафуров дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ ва муқовимат ба идеологияи экстремистӣ арзиши беназир дорад;.
-романи «Фирдавсӣ»-и нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода, Шоҳномаи Фирдавсӣ ва ашъори Рӯдакиву Камоли Хуҷандӣ, Саъдиву Ҳофиз, Бедилу Рӯмӣ ва дигар мутафаккирони варзидаи миллат барои баланд бардоштани ҳуввияти милӣ низ метавонад замина гузорад;
-ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнати ашхосе, ки ба Шумо ба таври мунтазам хӯрок, ҷойи зист, либос, маблағи пулӣ ва ё дигар намуди кӯмакро мерасонад, метавонанд моилкунандагони ҷараёнҳои экстремистӣ бошанд. Онҳо бо усулҳои номбурда зина ба зина ба боварии шаҳрвандон даромада, сипас метавонад онҳоро барои гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ- террористӣ даъват намоянд;.
-ин гуна ашхос метавонанд ба Шумо оид ба буду бош (регистратсия), ҷойи кору зист дар ҳудуди давлати дигар кӯмак намуда, оҳиста- оҳиста барои шомил шудан ба ташкилотҳои экстремистӣ муроҷиат намоянд;
-дар хориҷи кишвар бо ашхосе, ки онҳоро хуб намешиносед ба фаъолияти тиҷоративу меҳнатӣ машғул нашавед ва аз ақидаҳои мазҳабиву динии онҳо оид дар канор бошед, зеро ин яке аз усулҳои ҷалбкунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошад;
-аз сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои телевизиони фаромилие, ки ҷиҳодро тарғибу ташвиқ менамоянд, парҳез намуда, маълумотҳои аудио ва видеоии онҳоро ба дигарон интиқол надиҳед, зеро онҳо метавонанд хусусияти экстремисӣ дошта бошанд ва чунин кирдор дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят эътироф шудааст;
-ягона роҳи наҷоти ҷавонон аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз гурӯҳҳои ифротӣ ин рӯ овардан ба адабиёт ва фарҳанги оламшумули миллати тоҷик, содиқ будан ба Ватан буда, аз хотир набояд баровард, ки фарзанд, оила ва қавму пайвандон ояндаи неку дурахшонро интизоранд.;
-дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ- техникӣ ва макотиби олӣ ҷорӣ намудани курси махсус оид ба муқовимат намудан ба идеологияи экстремистӣ манфиатбахш мебошад;
-бо мақсади пешгирӣ намудани ҷалбшавии шаҳрвандони Тоҷикистон барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар, дар ҳудуди Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои будубоши муваққатӣ бо мақомоти салоҳиятдор ва диаспораҳои тоҷикон вусъат бахшидани ҳамкорӣ мувофиқи мақсад аст;
-ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳал тавсия дода мешавад, ки ба таври мунтазам шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷавонони осебпазирро дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти дахлдор муайян намуда, дар байни онҳо механизми дурусти корҳои фаҳмондадиҳро роҳандозӣ намоянд;
-ниҳодҳои давлатиро мебояд, ки бо назардошти талаботи қонунгузории амалкунанда пеш аз сафар намудани ҷавонон, механизми аз онҳо гирифтани соядаст дар бораи огоҳ буданашон аз хавфу хатарҳои экстремизму терроризм, роҳандозӣ намоянд.
Дар охир фаромуш набояд кард, ки гаравидан ба ҳизбу ҳарактҳои террористӣ ва эктремистӣ ба амнияти давлат, миллат ва минтақа хатари ҷиддӣ эҷод менамояд.
Маҳмадуллозода Х.,
корманди Хадамоти муҳоҷират