Рӯзи байналмилалии муҳоҷир таҷлил гардид

17-уми декабр дар Хадамоти муҳоҷират бахшида ба «Рӯзи байналмилалии муҳоҷират» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир, муовинони сардори Хадамот, кормандони дастгоҳи маркази Хадамот, раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» иштирок намуданд.

Дар сухани ифтитоҳии худ Сардори Хадамоти муҳоҷират Каримзода Тоҳир қайд кард, ки дар баробари Тоҷикистон дар бисёр мамлакатҳои дигар ин рӯз ҷашн гирифта шуда, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар навбати худ паҳн намудани маълумотҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии муҳоҷиронро бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои гуногун ва семинарҳои корие, ки қонун дар бораи муҳоҷиронро дарбар мегиранд, саҳми худро мегузоранд.

18-уми декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзоёни оилаҳои онҳоро қабул намуд ва дар санаи 4-уми декабри соли 2000 ассамблеяи мазкур Рӯзи байналмилалии муҳоҷиронро, ки ҳамасола 18-уми декабр ҷашн гирифта мешавад ба расмият даровард. Гуфта мешавад, ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳоҷир аз он сарчашма мегирад, ки солҳои охир теъдоди муҳоҷирон дар тамоми дунё рӯз то рӯз меафзояд. Ассамблея дар оянда риояи қонунҳои ҳимояи инсон ва озодиҳои асосии ҳамаи муҳоҷиронро муҳим ҳисобидааст, – гуфт ӯ.

Баъдан Каримзода Т.А. иброз дошт, ки ҳамасола дар ин рӯз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал меоранд, ки давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи хосаро ба шумораи зиёди муҳоҷирон, ки дур аз ватананд ва дар холати вазнин қарор доранду ба кӯмаку дастгирӣ ва ҳимояи худ эҳтиёҷ доранд, равона созанд.

Бояд арз намуд, ки Хадамоти муҳоҷират бо мақсади танзими раванди муҳоҷират, беҳтар намудани шароити буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва бахусус дар Федератсияи Россия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, баланд бардоштани сатҳи таълими касбӣ ва забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ дар оянда низ кӯшиш менамояд, ки ҳамкориҳои худро бо мақомотҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ пурзӯр намуда, ба натиҷаҳои назарраси фаъолият ноил гардад.

Сипас дар назди иштирокчиёни ҳамоиш бархе аз кормандони дастгоҳи марказии Хадамот оид ба ин ҷашни байналмилалӣ суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба фаъолони соҳа ифтихорномаҳои Хадамоти муҳоҷират супорида шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо