Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ барои иқомат дар кишвари будубош ва иҷозати фаъолияти меҳнатӣ идома дорад.
Тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 15 июни соли 2021, №364 “Дар бораи чораҳои мувақатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)” муҳлати будубош ва расмикунонӣ дар Федератсияи Россия то санаи 30 сентябри соли 2021 тамдид карда шудааст.
Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар давраи пандемияи ҳамагири ҷаҳонӣ натавонистанд фаъолияти худро расман ба қайд бигиранд ва натавонистанд, ки маблағи муайяншуда барои ҳақи иҷозати фаъолияти меҳнатиро пардохт намоянд, тибқи санади мазкур то санаи 30 сентябри соли 2021 метавонанд ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷиратии ноҳиявии худ муроҷиат намуда, расман худро ба қайд гирифта, дубораи ба мақомотҳои марбутаи иҷозатномадиҳии фаъолияти корӣ муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон, дар доираи фармони мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки солҳои тулонӣ фаъолияти худро расман ба қайд нагирифтаанд, метавонанд ба шуъбаҳои муҳоҷиратии ноҳияи худ муроҷиат намуда, баъд аз ҷаримаи муайншудаи мақомоти давлатӣ расман худро ба қайд бигиранд.
Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 15 июни соли 2021, №364 “Дар бораи чораҳои мувақатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)” муҳлати будубош ва расмикунонӣ дар Федератсияи Россия то санаи 30 сентябри соли 2021 эътибор дорад. Пас аз 30 сентябри соли 2021 шаҳрвандоне, ки расман ба қайд гирифта нашудаанд аз кишвари иқомат ихроҷ карда мешавад.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иттилоъ медиҳад, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилӣ ҷиҳати расмикунонӣ дар давлати иқомат муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
1. ш. Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4878964, +7(967)2710202;
2. ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;
3. ш. Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;
4. ш. Новосибирск: +7(965)3586161;
5. ш. Уфа: +7 (915) 4883223;6. ш. Краснодар: +7(929)540 88 88;
7. ш. Астрахан: +7(977)2720001.
8. ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548;
E-mail:predmintruda@gmail.com, www.tajmigration.ru
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарФедератсияи Россия оид ба муҳоҷират