Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақша-чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021 – 2025» ба ҳамватанони бурунмарзӣ, диаспораҳо (Ташкилотҳои ҷамъиятӣ)-и тоҷикони дар хориҷи кишвар иқоматдошта инчунин ба муҳоҷирони меҳнатии бурунмарзӣ имконият медиҳад, ки онҳо метавонанд озодона дар рушди диёри хеш иштирок намуда, лоиаҳои рушди деҳотро саҳмгузорӣ намоянд.
Аз ин иқдоми дурандешонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда ҳамватанони бурунмарзӣ новобаста аз буҳрони иқтисодии давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, дар рушди диёри хеш, саҳми босазо гузошта истодаанд.
Аз тарафи ҳамватанони бурунмарзӣ ҷамоати деҳоти М. Ширинҷонов ба маризони ҳамдиёрашон аз деҳаи Сохчарв 4200 сомонӣ, 7500 сомонӣ дар деҳаи Ёмҷи ва дар деҳаи Бунӣ барои гузаронидани ҷарроҳӣ 5000 сомонӣ кӯмак расонида шудааст. Дар соли равон аз тарафи ҳамватанони бурунмарзии деҳаи Бунӣ 7500 сомонӣ барои таъмири майдончаи варзишӣ ва дар деҳаи Ёмҷи ҳамин ҷамоат 4000 сомонӣ барои табобати маризон кӯмак расонида шудааст.
Дар деҳаи Барчиди ҷамоати деҳоти Поршинев аз тарафи ҳамватанони бурунмарзӣ ба хоҷагии камбизоат Перузов Х. барои таъмири хона 20000 рубли русӣ ва барои сардори хоҷагии дигар барои табобат 20000 рубли русӣ, дар деҳаи Пашор барои табобат 40000 рубли русӣ ва дар деҳаи Миденшори ҳамин ҷамоат 30000 рубли русӣ барои таъмири роҳи дохили деҳа кӯмак расонида шудааст. Инчунин соли равон барои таъмири ҷӯйбори калони Бувед-Миденшор-Хоса, хати оби ошомидании мавзеи Эленаки деҳаи Пашор ва маркази рушди барвақтии кӯдакони назди МТМУ №12 кӯмаки моддӣ расонида шуда, барои ду хоҷагии деҳаи Барчиди аз сӯхтор зарар дида 16000 сомонӣ барои ҳар як хоҷагӣ ва барои чароғонкунии дохили ин деҳа ва 1.5 км роҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ, ки аз масири ин деҳа мегузарад ба маблағи 25000 сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шудаанд.
Аз тарафи ҳамватанони бурунмарзии деҳаи Вери ҷамоати деҳотӣ Вер барои ҷарроҳии Асадбеков А. ба маблағи 22000 сомонӣ, барои таҷҳизонидани синфхонаҳои МТМУ №40 деҳаи Чарсем 30000 сомонӣ, барои таҷҳизонидани синфхонаҳои МТМУ №36 деҳаи Шитам 10000 сомонӣ, инчунин муассисаи таълимӣ бо китобҳои дарсӣ аз ҳамаи фанҳо таъмин карда шуд, барои таҷҳизонидани маркази фарҳанги-фароғатии деҳаи Шитам бо компютер, принтер, дипроектор, коғаз ва ғайра ба маблағи 10000 сомонӣ ва барои таҷҳизонидани касалхонаи минтақавии деҳаи Вер (яхдон, телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ ва дигар таҷҳизот) ба маблағи 20000 сомонӣ, кӯмаки моддӣ расонида шуда, касалхонаи мазкур бо таҷҳизоти гароннархи ташхисӣ дил (ЭКГ) муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Шуғнон