Сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ

Имрӯз, 18 октябр сафари гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каризода бо мақсади баррасии вазъи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, инчунин рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ба ноҳияи Рӯдакӣ сурат гирифт.

Тибқи нақшаи қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли равон бояд 4 хоҷагии муҳоҷирони экологӣ аз минтақаҳои хавфнок ба мавзеъҳои бехавф ва 54 оилаи муҳоҷирони дохилӣ аз дигар шаҳру навоҳии кишвар ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонида шаванд. Зимни сафар гурӯҳи корӣ бо масъулини иҷроиши қарор, аз ҷумла муовини аввали Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саймуродзода Абдуаҳад вохӯрда, масъалаи ҳарчӣ зудтар иҷро намудани нақшаро баррасӣ намуданд.

Дар идома гурӯҳи корӣ аз мавзеъҳои зисти муҳоҷирони экологӣ ва рафти корҳои сохтмони манзили истиқоматии онҳо дидан намуд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

Эълонҳо