13 марти соли равон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс, ки ӯро муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нодирӣ Шаҳноза Анвар ҳамроҳи мекард, аз Хадамоти муҳоҷират дидан намуданд.
Зимни вохӯрӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо ба Сафири Британияи Кабир Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс аз фаъолияти Хадамот ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.
Дар суҳбат Сардори Хадамот, қайд намуд, ки тибқи идомаи интихоб ва сафарбаркунии шаҳрвандон барои корҳои мавсимии кишоварзӣ ба Британияи Кабир дар доираи ҳамкориҳо бо ширкати «Pro-Force» сафарбаркунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хостори фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар соҳаи кишоварзии Британияи Кабир буда, аз санҷиши намояндагони ширкати корфармо гузашта буданд, оғоз гардид. Айни замон аз ҷониби худи ширкат аз тариқи онлайн бо шаҳрвандон суҳбат намуда, 700 нафари онҳоро интихоб намуданд, ки марҳила ба марҳила ба Британияи Кабир фиристода мешаванд.
Бояд гуфт, барои тавсеаи ҳамкориҳо ва таъмини бештари шаҳрвандон бо ҷои кор дар хориҷ, давоми дурӯз аст шаҳрвадоне, ки ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он барои ҷалби муташаккилонаи онҳо барои амалисозии фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар хориҷа муроҷиат карда буданд, барои шиносоӣ бо шароити кор ва мусоҳиба бо корфармоён аз ширкати «Pro-Force» ба Литсейи касбӣ – техникии нақлиёти автомобили шаҳри Душанбе, воқеъ дар шафати Маркази миллии тестӣ, даъват шудаанд.
Тибқи рӯйхат, шаҳрвандоне, ки қаблан номнавис шуданд, аммо аз санҷиши корфармо нагузашанд, такроран даъват шуда, дар маҷлисгоҳи Литсей, ки барои саднафар ҷои нишаст дорад, ба онҳо вазъу шароити коррнамоӣ карда мешавад.
Сипас, корфармоён бо хоҳишмандон суҳбат карда, барои ҷалб намудан ба корҳои кишоварзӣ ба қайд мегиранд.
Ҳамзамон, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нодирӣ Шаҳноза Анвар, зимни суҳбат бо Сафири Британияи Кабир қайд намуд, ки ҳамкории ширкати «Pro-Force» бо МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе, ки муассисаи давлатӣ аст, хуб ба роҳ монда шудааст. Тибқи тартиб, чунин хизматрасониҳо комилан ройгон буда, аз шаҳрвандон маблағ талаб карда намешавад.
Бояд тазаккур дод, аз имкониятҳои рушди ҳамкорӣ бо Британияи Кабир дар самти бо кор таъминкунии шаҳрвандон ёдоварӣ шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки зимни пайдоиши саволҳои иловагӣ, ё арзу дархостҳо шаҳрвандон метавонанд тариқи ҳузурӣ ё телефонӣ ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоянд.
Дар феҳрасти талабот аз муҳоҷирон донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират зикр шудааст. Директори Марказ Диёр Норматов муҳлати сафарро то 6 моҳ гуфта, илова намуд, ки хароҷоти сафар аз сӯи худи муҳоҷирон пардохт мегардад. Феълан ҳудуди ҳазор нафар барои муҳоҷирати мавсимии меҳнатӣ ба Бритониё номнавис шудаанд, – афзуд ӯ.
Аз ҷониби худ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс изҳори миннатдорӣ намуда, арз намуд, ки омодааст барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти Сафорат дар ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ ба ин кишвар, мусоидат хоҳад кард.
Дар фарҷом Сафири Британияи Кабир Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс бо як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳамсуҳбат гардид.
Бояд иброз намуд, ки рӯзҳои наздик дигар ширкати бритониёӣ HOPS Labour Solutions Ltd ба Хадамоти муҳоҷират ташриф меоварад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират