Дар асоси Нақша ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Шӯрои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, аз санаи 19 сентябр то 23 сентябри соли ҷорӣ барои сардорони раёсатҳо (шуъбаҳо, бахшҳо)-и Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи “Сиёсати давлатӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” курси такмили ихтисос ташкил гардид.
Дар қисмати ҷамъбасти курси такмили ихтисос Аҳмадзода Дилноза – муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нодирӣ Шаҳноза– муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Зулфия- ноиби ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодиров Зоҳир- муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба мавзуҳои муҳоҷират дар раванди ҷаҳонишавӣ ва оқибатҳои он ба иқтисодиёти ҷаҳон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.01.2021), қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати давлатӣ дар самти муҳоҷират, сиёсати молиявӣ ва идоракунии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба занон ва оила, таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар соҳаи муҳоҷират ва татбиқи онҳо дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ ва амсоли инҳо машғулиятҳои таълимӣ гузаронида шуданд.
Ҳамзамон, шунавандагон оид ба заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон”, забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва амсоли ин иттилоъ гирифтанд.
Сардорони раёсатҳо (шуъбаҳо, бахшҳо)-и Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курси такмили ихтисосро аз рӯи барномаи “Сиёсати давлатӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” хатм намуда дар вазъияти тантанавӣ соҳиби Гувоҳнома гардиданд.