Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори меҳмонхонаи «Хилтон» семинари корӣ ҷиҳати иҷроиши «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2021-2025» ва ҳалли масъалаҳои ҳалталаб вобаста ба пешгирӣ ва паҳншавии сирояти ВНМО дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар кори семинар намояндагони вазорату идораҳои гуногуни дар шаҳри Душанбе воқеъ буда, аз ҷумла кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ҷамъомадро директори МД МШ ПМЗ ВНМО Сайбурҳонов Д.С кушода, доир ба ҳолати эпидемикии сирояти ВНМО, дастоварду мушкилот ва роҳи ҳалли масоили мавҷуд буда, инчунин нақшаи зерсохторҳои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар вазорату идораҳои дар шаҳри Душанбе қарор дошта, суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар кори семинар фаъолона ширкат варзида, вобаста ба ин масъала ва корҳои анҷом дода шуда, дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ба иштирокчиёни семинар маълумот доданд.
Дар рафти кори семинар Сайбурҳонов Д.С нисбати ҳамкории судманди МД МШ ПМЗ ВНМО бо Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки дар оянда ҳамкориҳо боз ҳам ҷоннок мегарданд.
Давлатов М.,
Мутахассиси пешбари Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе